Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Оғози 185 парванда барои додугирифти ғайриқонунӣ бо доллар

129
Додситонӣ таъкид кард, ки назорати риояи қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро пурзӯр кардааст

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳолатҳои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ дар кишвар зиёд ҷой доранд.

Тибқи изҳороти матбуотии Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, танҳо дар 6 моҳи аввали соли равон барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ нисбати шахсони гунаҳкор 120 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 65 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Додситонӣ таъкид кард, ки назорати риояи қонун “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор”-ро пурзӯр кардааст.

Ин дар ҳолест, ки ахиран қурби доллар дар кишвар боло рафта, ба 9,43 сомонӣ расид.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо, мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

129
Барчаспҳо:
Юсуф Раҳмон, қурби доллар, доллар, Тоҷикистон
Туристы идут в поход

БОР барои дастгирии соҳаи сайёҳии Тоҷикистон 10 миллион доллар кӯмаки бебозгашт мекунад

117
(Таҷдидшуда 12:36 14.08.2020)
Бонки Осиёгии Рушд ба Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаи рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ 10 миллион доллар ройгон медиҳад

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои намояндагии доимии ин ташкилот дар Душанбе саозишномаи амалисозии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони милал ва ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ: Фонди коҳиши камбизоатӣ ва Маркази таҳлилии “Наво” ба имзо расид.

Гуфта мешавад, Созмони ҷаҳонии сайёҳии Созмони милал (ЮНВТО) ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ ба Кумитаи рушди сайёҳӣ дар таҳияи аввалин ҳисоби ёридиҳандаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон, ташаккули соҳаи сайёҳии кишвар ва нақшаи рушди устувори туризм кӯмак хоҳанд кард.

Интизор меравад, қарордод давоми як сол иҷро гардад.

 Ба иттилои манбаъ, баъди барқарор шудани фаъолияти сайёҳӣ дар кишвар барои ҷамъоварии маълумот дар бораи демография, интизориҳо, фаъолият, манбаъҳои иттилоот, сатҳи қаноатбахшӣ, сохтори хароҷот ва муносибати сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба ин соҳа таҳқиқот гузаронида мешавад.

Маълумоти гирдоварда ба мустаҳкам намудани омори соҳаи туризм ва беҳтар муайян намудани саҳми сайёҳӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

“Нақшаи пешниҳодшаванда рушди устувори сайёҳӣ банақшагирӣ, маркетинг ва татбиқи туризмро такмил хоҳад дод, то Тоҷикистонро ҳамчун як макони умедбахши сайёҳӣ муаррифӣ кунанд”.

БОР моҳи октябри соли 2019 лоиҳаи Рушди сайёҳиро барои кӯмак ба рушди соҳаи туризм дар асоси стандартҳои байналмилалӣ тасдиқ намуда буд.

Таъкид мешавад,  ин нахустин лоиҳаи БОР дар самти сайёҳии Тоҷикистон мебошад.

117
Барчаспҳо:
рушди соҳаи сайёҳӣ, кумак, БОР, Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

379
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 14 август эълон кард. Тибқи овезаҳои бонкҳо қурби 1000 рубли русӣ, нисбат ба нишондодҳои аввали ҳафта каме поин рафтааст

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1397 сомонӣ  ва дар бозори нақд бошад 0.1430 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз  10.3135 то 10.3200 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.2091 то 12.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст, ки нисбат ба ҳафтаи гузашта гаронтар шудааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла “Бонки Эсхата” нишондоди асъор  нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1425 то 0,1460 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.141 то 0.146 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1425 то 0,1470 сомонӣ нишон дода шудааст.

Бонки миллӣ гуфт дар беқурбшавии сомонӣ ва болоравии арзиши доллар кӣ гунаҳгор аст

БМТ огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.


379
Барчаспҳо:
евро, доллар, рубл, сомонӣ, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Глава МИД РТ провел встречу зам главой МИД РФ Андрейем Руденко

Мулоқоти Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе: тарафҳо чӣ масоилро баррасӣ карданд

0
(Таҷдидшуда 01:40 15.08.2020)
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо муовини вазири умури хориҷаи Русия дар шаҳри Душанбе дидор ва гуфтугӯ кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон бо Андрей Руденко муовини вазири умури хориҷаи Русия мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ин дидор, масоили муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуд. 

Гуфта шудааст, дар ин вохӯрӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарокати Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин замина рушди пойдори ҳамкории ду кишвар дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва ғайра таъкид гардид.

Мусоҳибон инчунин роҷеъ ба пешбурди муколамаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Русия, ба хусус дар заминаи татбиқи муқаррароти Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои соли 2020 изҳори назар намуданд.

Ду тараф перомуни ҳамкории Душанбе ва Маскав дар чорчӯби қавонини Созмонҳои байналамилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи ҳамсуд, Созмон Ҳамкории Шанхай, Созмон паймони амнияти ҷамъӣ ва созмони амният ва ҳамкории Аврупо баҳс ва табодули назар карданд.

0
Барчаспҳо:
вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, гуфтугӯ, мулоқот, Душанбе, Русия, Тоҷикистон