Нақби Истиклол, акс аз бойнӣ

Гуфтушунид бо Эрон барои анҷоми сохтмони нақби "Истиқлол"

317
(Таҷдидшуда 14:11 19.07.2018)
Суҳроб Мирзоев, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, таъкид кардааст, ки барои анҷом додани лоиҳаи сохтмони нақби "Истиқлол" 8 миллион доллари дигар лозим мебошад

ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Барои ба анҷом расонидани сохтмон ва насби таҷҳизот дар нақби “Истиқлол” 8 миллион доллари дигар лозим будааст, гуфт Суҳроб Мирзоев, вазири нақлиёти Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ.

Ба гуфтаи вай, маблағи мазкур барои насби дастгоҳҳои ҳавокашӣ ва оташнишонӣ равона хоҳад шуд.

Инчунин Мирзоев хабар дод, ки дар ҳоли ҳозир дар “Истиқлол” барои муваққатӣ чароғҳо насб шудаанд.

“Дар оянда дар нақб чароғҳои доимӣ насб мегарданд”, - афзуд муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон  

Сохтмони нақби “Истиқлол” 12 сол пеш аз ҷониби Эрон шурӯъ шуда буд. Ҳаҷми сармояи ин лоиҳа 40 миллион доллар будааст, ки 7,8 миллион доллараш ҳиссаи Тоҷикистон мебошад.

Суҳроб Мирзоев мегӯяд, Вазорати нақлиёт бо ҷониби Эрон барои насби дастгоҳҳо дар нақби “Истиқлол” гуфтушунид дорад.

317
Барчаспҳо:
Эрон, нақлиёт, сохтмон, нақби "Истиқлол", нақб