Раиси БМТ ба пешбинии коршиносон боварӣ надорад

© Sputnik / Амир Исаевраиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода
раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси бонки миллии Тоҷикистон сарусадоҳо вобаста ба паст гардидани қурби сомонӣ нисбат ба доллар ва ба беш аз 1000 сомонӣ расидани 100 долларро то охири соли равон рад кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ эълон намудааст, ки назари шахсии таҳлилгарони алоҳидаро эътироф намекунад ва барои мустаҳкам нигоҳ доштани қурби пули миллӣ роҳҳои муоссирро меҷӯяд.

"Ҳеҷ як пешгӯии коршиносон дар мавриди боло рафтани қурби асъор дуруст набарояд. Бонки миллӣ ҳам ин гуна коршиносонро эътироф намекунад"- таъкид кард раиси БМТ.

Вай афзуд, ки баъзе шахсон ба манфиати шахсии худ қурби сомониро 9,50-9,70 сомонӣ гуфта овоза мекунанду мехоҳанд аз ин фарқият фоида бигиранд.

"Мо ба ҳеҷ коршиносе, ки қурби асъорро пешбинӣ мекунанд, эътироф намекунем. Тоҷикистон дар танзими асъор стартегияи худро дорад",- гуфт Нурмаҳмадзода

Вай таъкид кард, ки Бонки миллӣ сиёсати «шинокунандаи идорашаванда»-и қурби асъорро пеш гирифта, дар сурати боло рафтани қурби асъор дар базор мудохилаҳои асъорӣ анҷом медиҳанд.

Болоравии қурби асъори хориҷӣ тайи моҳҳои охирро раиси Бонки миллӣ ба коҳиши рубли русӣ рабт дод.

Лозим ба ёдоварист, ки тайи моҳи ҳхир қурби доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон дар як шабонарӯз 26 дирам боло рафт. Дар нуқтаҳои мубодилаи асъор 1 долари амрикоӣ 9 сомониву 43 дирам арзиш дорад.

Дар ҳоле ки рӯзи пеш дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби доллар 9 сомониву 17 дирам буд.

Бонки Миллӣ дар шарҳи болоравии арзиши асъори хориҷӣ гуфт, қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд бо сомонӣ дар бозори ғайрирасмӣ 4,5 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 7,2 фоиз пасттар аст.

Бонки миллӣ далели номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъорро зери таъсири омилҳои берунӣ мондани пули миллӣ арзёбӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0