Кӯли Сарез, акс аз бойгонӣ

Кумита: Сарез фурӯхта намешавад, созиш танҳо бо Узбакистон дорем

680
(Таҷдидшуда 17:26 27.07.2018)
Муҳаммадҷон Салимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабарҳо дар бораи фурӯши оби Сарез ба Чинро рад намуд

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Муҳаммадҷон Салимзода, имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, хабарҳо дар бораи фурӯши оби Сарез асоси воқеӣ надоранд ва барои коркарди оби ин кӯл ягон созишнома бо ширкатҳои  хориҷӣ баста нашудааст.

Салимзода афзуд, ки дар мавриди Сарез танҳо бо ҷониби Узбакистон созишномае баста шудааст.

"Дар асоси он созишнома, ки бо мақомоти Узбекистон имзо намудем, намояндагон ва мутахассисони ин кишвар ба Тоҷикистон меоянд ва аз кӯли Сарез боздид мекунанд", — гуфт муовини раиси Кумита.

Ахиран "Ориёнбонк" низ бо нашри як изҳорот хабарҳо дар бораи созишаш бо Чин барои коркарди оби Сарезро рад намуд. Масъулини Ориёнбонк изҳор доштанд, ки оби Сарез сарвати табии Тоҷикистон аст ва корхонаҳои тиҷоратӣ бидуни дастури ҳукумат ҳаққи бастани созишномаҳои марбут ба онро надоранд.

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда иттилоъ дод, ки феълан сатҳи оби кӯли Сарез аз сатҳи баҳр 3260 метрро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли гузашта 3 метр пасттар мебошад. Сабаби кам шудани сатҳи оби кӯлро масъулини Кумита ба боришоти кам дар ин минтақа рабт медиҳанд.

680
Барчаспҳо:
Сарез, хариду фурӯш, об, Тоҷикистон