Агроинвестбонк, акс аз бойгонӣ

Боздошти Зайдуллоев барои 115 млн қарзи ғайриқонунӣ бо пуштгирии раисони "Агроинвестбонк"

3006
(Таҷдидшуда 11:49 04.08.2018)
Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз боздошти Худодод Зайдуллоев хабар дод, ки дар маслиҳат бо роҳбарияти "Агроинвестбонк" ҳудуди 115 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ гирифтааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, роҳбарияти "Агроинвестбонк", бо маслиҳати пешакӣ, хилофи меъёрҳои бонкдорӣ ва бидуни таҳлили вазъи пардохтпазирии мизоҷ, ба Худод Зайдуллоев ҳудуди 12 миллону 200 ҳазор доллари амрикоӣ, ё 115 миллион сомонӣ қарзи ғайриқонунӣ додааст.

Ба иттилои манбаъ роҳбарияти "Агроинвестбонк" моҳи декбри соли 2012 ин қарзҳоро тариқи созишнома бо ширкатҳои гуногун ба Худодод Зайдуллоев додааст.

Аз ҷумла ба номи ширкати "Сахӣ" 1,5 миллион доллар, "Навин"-2,1 миллион доллар, "Навруз 04" —  1,96 миллион доллар, "Саф"-2,8 миллион ва "Ғунча" — 2 миллиону 742 ҳазор доллари амрикоӣ қарз ироа шудааст.

Ожонсӣ мегӯяд, Зайдуллоев моҳи июл боздошт гардида, алайҳи ӯ ба иттиҳоми тасарруфи маблағи тариқи кредит додашуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид.

Ожонсӣ афзудааст, ки алайҳи дигарон низ парванда боз шудааст, аммо аз дастандаркорони дигари раванди қарздиҳӣ ном бурда нашудааст.

3006
Барчаспҳо:
қарзи бонкӣ, боздошт, қонуншиканӣ, Тоҷикистон