Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки Миллӣ, акс аз бойгонӣ

Ҷамолиддин Нуралиев: эътимоди аҳолиро бояд ба низом барқарор кунем

617
(Таҷдидшуда 16:34 12.08.2018)
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳар иқдоме, ки имрӯз дар низоми бонкии кишвар амалӣ мешавад, ба барқарор намудани эътимоди мардум равона шудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Нуралиев зимни ҳамоиши таълимӣ бо иштироки намояндагони ширкати "Томсон Рейтерс", зери унвони "Автоматикунонии кори хазинадорон", гуфтааст, ислоҳоте, ки  имрӯз дар низоми бонкӣ татбиқ мешаванд, ба баланд бардоштани мақоми ташкилотҳои қарзӣ дар иқтисодиёт ва барқарор кардани эътимоди аҳолӣ ба низом равона карда шудааст.

Ӯ афзудааст, ки маҳз бо ҳамин мақсад бо низоми электронии "Томсон Рейтерс" аз соли 2015 ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Нуралиев Ҷамолиддин барои беҳтар муаррифӣ намудани низоми молиявии ҷумҳурӣ ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ пешниҳод кардааст, ки дар саҳифаи низоми электронии "Томсон Рейтерс" иттилоот дар бораи Тоҷикистон такмил дода шавад.

Ӯ инчунин дархост кардааст, ки барои таъмини шаффофияти фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми электронии "Томсон Рейтерс" саҳифаи алоҳидаи Бонки миллии Тоҷикистон ташкил карда шавад. Нуралиев афзудааст, ки аз ҷониби ширкати байналмилалии "Томсон Рейтерс" барои такмили ихтисоси хазинадорон ва диллерони ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон курсҳои омӯзишӣ ташкил гарданд ва барои дастгирӣ ба ин ширкат изҳори сипос кардааст.

617
Барчаспҳо:
шаффофият, хазинадорӣ, эътимод ва ҳамкорӣ, электронӣ, Тоҷикистон
Председатель ГБАО Ёдгор Файзов

Барномаи рушди навоҳии ВМКБ иҷро нашуд: Файзов сабабҳоро гуфт

84
(Таҷдидшуда 13:42 27.10.2020)
Вакилони халқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон натиҷаи татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Ишкошим, Роштқалъа ва Мурғоб барои солҳои 2015 – 2020-ро, ки аксари бандҳояшон иҷро нашудаанд, баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Иҷрои бандҳои алоҳидаи ин барномаҳо ҳатто оғоз нашуда, дар баъзе ноҳияҳо ҳамагӣ то 20 фоизи нақша амалӣ гардидааст, хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият”.

Роҳбарияти вилоят сабаби нокомии ин барномаҳоро, пеш аз ҳама, ба тартибу низоми қабули барномаҳо марбут донист, ки  дар марҳилаи аввал дуруст ва ҳаматарафа баррасӣ нашуда, бандҳое ҳам ҳастанд, ки сарчашмаи маблағгузориашон аниқ нест ва инвеститсияи хориҷӣ таваккалан манбаи амалисозии банди барнома нишон дода шудааст.

Ёдгор Файзов, раиси вилоят изҳор доштааст, ки агар лоиҳа таъсиси коргоҳи истеҳсолӣ бошад, бояд пешакӣ ҳатто бозору харидори онро ҳам муайяну аниқ кунем.

“Аммо тавре мушоҳида мегардад, барномаҳои рушди ноҳияҳо барои солҳои 2015 - 2020 дуруст таҳлил нашудаанд. Чунин барномаҳо, ки сарчашмаи аниқи маблағгузорӣ надоранд ва бо маблағгузор ҳаматарафа мувофиқа нашудаанд, албатта, ноиҷро мемонанд. Дар ноҳияҳо ҳатто имкониятҳои молиявии худро ҳисоб накарда, маблағгузории ин ё он иншоотро ба зимма гирифтаанд”, - изҳор дошт Файзов.

Ӯ мисол овардааст, ки дар барномаи рушди ноҳияи Ванҷ барои иҷрои бандҳои барнома аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 17 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, аммо чунин маблағро мақомоти вилоятӣ дар ихтиёр надорад.

“Даромадҳои ноҳия ҳам кам ва барои амалисозии бандҳои барнома, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба зимма гирифтааст, нокифоя мебошанд, - таъкид кард раиси вилоят Ёдгор Файзов.

Раиси вилоят ба раисони шаҳру ноҳияҳо дастур додаст, ки ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди ноҳияҳо барои солҳои 2021 -2025 ба камбудиҳое, ки дар барномаҳои пеш ҷой доштанд, роҳ надода, лоиҳаҳоеро пешниҳод намоянд, ки дархӯрди талаботи воқеии ҷомеа бошанд.

84
Барчаспҳо:
барнома, рушд, ВМКБ, Тоҷикистон
Мигрант у здания УФМС в Калининграде

Шумораи бекорон дар Тоҷикистон муайян шуд

364
(Таҷдидшуда 12:27 27.10.2020)
Дар моҳи август, 7,4 ҳазор нафар барои дарёфти кор ба хадамоти шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат кардаанд, ки дар натиҷа, 6 ҳазори онҳо соҳиби кор шудаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Сатҳи расмии бекорӣ дар Тоҷикистон 2,1% аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъолро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи иттилои ин ниҳод, аз аввали моҳи сентябр шумораи бекорони расман ба қайд гирифташуда дар Тоҷикистон 50,8 ҳазор шаҳрвандонро ташкил дод. Дар айни замон, 49,2% бекорон занон будаанд.

Гуфта мешавад, ки дар моҳи август 7,4 ҳазор нафар ба хадамоти шуғли аҳолӣ оид ба масъалаи дарёфти кор муроҷиат кардаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 1,6% зиёдтар шуд.

Таъкид шудааст, аз теъдоди муроҷиаткардагон  6 ҳазорашон кор пайдо карданд.

Агентии омор қайд кардааст, ки шумораи ҷойҳои холии холӣ дар корхонаҳои эълоншуда дар хадамоти шуғл дар аввали моҳи сентябр 2,1% афзуда, дар муқоиса бо соли 2019 ба 11 ҳазор ҷой расидааст.

Эълони расмии бекорон дар ҳолест, ки ба андешаи коршиносон сатҳи бекорӣ дар кишвар махсусан дар соли равон даҳҳо маротиба афзудааст.

Аз бекорӣ то меҳнати солиму қарзҳои имтиёзнок: дар Суғд ҳуқуқи меҳнаткашон баррасӣ шуд

Зеро бо дарназардошти пандемия ва баста шудани марзҳо, ҳама қувваи корие, ки ба муҳоҷират мерафтанд, дар кишвар банд монданд.

364
Барчаспҳо:
муайянсозӣ, афзоиши теъдоди бекорон ва корҷӯён дар Тоҷикистон, Тоҷикистон
Дети в защитных масках

Таъсир ба наслҳо: табиб оқибатҳои хатарноки коронавирус дар кӯдаконро гуфт

0
(Таҷдидшуда 18:15 27.10.2020)
Мутахассисон кӯдакони гирифтори коронавирусро муоина карда, оқибатҳои хатарнокро муайян кардаанд

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Кӯдаконе, ки гирифтори коронавируси нав ҳастанд, метавонанд ба оқибатҳои вазнин дучор оянд, мегӯяд Лайло Намозова-Баранова, раиси кумитаи иҷроияи Иттиҳоди педиатрҳои Русия.

Ба гуфтаи вай, ташхиси кӯдаконе, ки сироят ёфтаанд, таҳдиди камборвариро нишон дод.

"Назорати кӯдаконе, ки ба ягон намуди сирояти коронавирус гирифтор шудаанд, ҳатмист" гуфт коршинос.

Тибқи натиҷаҳои пурсиш, пас аз коронавирус дар беморони хурдсол, 30% коҳиш ёфтани функсияҳои маърифатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Чунин нишондиҳандаҳо ҳатто дар кӯдаконе ёфт шудаанд, ки бемории бе аломат доштанд.

Олимон гуфтанд, кадом омил хавфи марг аз коронавирусро дучанд мекунад

"Пас аз гирифторӣ ба сирояти коронавирус, писарон тағироти ҷиддии сперматогенезро аз сар мегузаронанд. Дар оянда ин моро бо мушкилоти камборварии наслҳои оянда таҳдид мекунад", - хулоса кард мутахассис.

0