намоиш дар шаҳри Хоруғ

Ҳамоиши байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ дар Бадахшон

64
(Таҷдидшуда 13:03 27.08.2018)
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, кумитаи рушди сайёҳи, ҳукумати ВМКБ, ассосиатсияи соҳибкорон ва хоҷагидорони “Милан Интер” дар якҷоягӣ бо Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ҳамоиши байналмилалӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ “Помир Инвест 2018”-ро баргузор мекунад

ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи помир инвест, ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ "Помир Инвест 2018" рӯзи 16 сентябр дар шаҳри Хоруғи ВМКБ баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи манбаъ, мақсад аз баргузории форуми мазкур ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаи тиҷорату сайёҳӣ дар ВМКБ будааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ки зимни ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама масъалаҳои рушди сайёҳӣ ва инфрасохторҳои он, барқарор намудани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои хориҷи дуру наздик, суръат бахшидани татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар ВМКБ ва ғайра баррасӣ мешаванд.

Қарор аст, дар форуми мазкур сармоягузорони хориҷиву маҳалӣ, донорҳо, намондагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок хоҳанд кард. 

64
Барчаспҳо:
помир, Оқохон, ВМКБ, ҳамоиш, сармоягузорӣ, Бадахшон, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Золото

Геологияи тоҷик гуфт, сокининон дар чанд минтақа метавонанд тилло шӯянд

231
(Таҷдидшуда 10:51 15.07.2020)
Саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯяд, бо дастури ҳукумат минтақаҳои тиллошӯиро барои фаъолияти фардӣ дар кишвар қитъабандӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik. Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик имрӯз зимни як нишасти хабарӣ  гуфт, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометир дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Муминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.

Манбаъ водии Зарафшонро мисол оварда гуфт,  дар ин минтақа 31 қитқи тиллошӯӣ муаян шудааст, ки 8 то дар Масҷоҳи кӯҳӣ, 13 то дар Айнӣ ва 8 қитъа дар Панҷакент мебошад.

Номбурда гуфт, шаҳрвандон баъди иҷозатномаи Вазорати молия метавонанд озодона ба тиллошӯйӣ дар ин минтақаҳо машғул шаванд.

Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаван набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

Қаблан Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки тарҳи ироаи иҷоза ба шаҳрвандон бобати истихроҷи тилло ва дигар фулӯзоти қиматбаҳо бо ибтикори раисҷумҳури кишвар таҳия шуда, ба шаҳрвандон ҳуқуқи истихроҷи мустақилли тиллоро хоҳад дод. Барои ин шаҳрвандонро мебояд танҳо аз вазорати молия иҷоза дарёфт кунанд.

Номбурда гуфт, бар асоси ин тарҳ, шаҳрвандон дар ҷойҳое, ки дар ихтиёри ягон ширкат нест, тилло истихроҷ хоҳанд кард.

Шаҳрвандон тиллои тавлидшударо озодона ба ниҳодҳои молии кишвар хоҳанд фурӯхт ва ин ниҳодҳо нархи хариди тилло аз шаҳрвандонро таъин хоҳанд кард.

 

 

 

231
Портфель с документами

Номаи бози миллионерҳо ба мақомдорон: андози моро ба хотири кумак ба мардум бештар кунед

461
(Таҷдидшуда 19:08 14.07.2020)
Як номаи кушодаро гурӯҳе иборат аз 83 нафар таҳия кардаанд. Дар байни онҳо актёр Стивен Сигал, сенариянавис Ричард Кертис, сармоягузор Ҷон О'Фарелл ва вориси Уолт Дисней Эбигейл Дисней қарор доштанд

ДУШАНБЕ, 14 июл – Sputnik. Зиёда аз 80 миллионер аз Иёлоти Муттаҳида ва шаш кишвари дигар аз мақомоти давлатҳои худ даъват карданд, ки андозҳои шахсони сарватмандро бештар кунанд, то иқтисодиётро дар шароити пандемия аз коронавирус барқарор кунанд, менависад Bloomberg.

Бахти баланд: мард барои ҳамсари бемораш лотерея харид ва миллионер шуд

Гурӯҳи 83 нафар мактуби кушодро унвонии якчанд ҳукуматҳо таҳия карданд. Дар он қайд мешавад, ки одамони сарватманд метавонанд дар "шифои ҷаҳони мо" нақши ҳалкунанда дошта бошанд.

"Мо беморонро дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ нигоҳубин намекунем, мошини ёрии таъҷилиро намеронем, то беморонро ба беморхонаҳо интиқол диҳем, рафҳои мағозаҳои хӯроквориро пур намекунем, хӯрокро барои нафарони ниёзманд хона ба хона тақсим намекунем, аммо мо пул дорем, пули бисёр",  - изҳор доштанд муалифони мактуб.

Дар нома гуфта мешавад, оқибатҳои бӯҳроне, ки аз пандемия ба вуҷуд омадааст, тӯли даҳсолаҳо эҳсос хоҳад шуд, аз ин рӯ, ним миллиард одамон метавонанд ба сафи камбизоатон ҳамроҳ шаванд. Гузашта аз ин, садҳо миллион одамон ба далели баста шудани корхонаҳо, ҷойи корашонро аз даст медиҳанд.

"Баръакси миллионҳо одамон дар саросари ҷаҳон, мо аз талафоти эҳтимолии кор, хона ё қобилияти таъмини оилаи худ дар ташвиш нестем. Мо дар сафи пеши муборизон алайҳи ин маризӣ қарор надорем. Имконияти қурбон шудани мо ҳам аз ин маризӣ ночиз аст. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунем, ки андози моро афзунтар кунед. Ин ягона интихоби дуруст аст. Инсоният аз пул муҳимтар аст", - гуфта мешавад дар идомаи нома.

Миёни нафароне, ки зери ин нома имзо гузоштанд, ҳунарманд Стивен Сигал, сенариянавис Ричард Кертис, сармоягузор Ҷон О'Фарелл ва вориси Уолт Дисней Эбигейл Дисней мебошанд.

461
Барчаспҳо:
андоз, мардум, кумак, миллионер, нома
Тонущий человек, архивное фото

Дар Ванҷ ду ноболиғи 12 - соларо аз об берун оварданд: яке фавтиду дуюмӣ дар бемористон

0
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз як ҳодисаи нохуш дар ноҳияи Ванҷ хабар медиҳад, ки ду ноболиғи 12 - сола бидуни калонсолон дар ҳавз оббозӣ намуда ғарқ шуданд

ДУШАНБЕ, 15 июл – Sputnik.  Ду нафар сокини 12 - солаи ноҳияи Ванҷ бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз оббозӣ карданд, ки дар натиҷа ҳар ду зери об рафтанд.

Бар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи, ҳодисаи мазкур рӯзи 14 - уми июл дар ҳавзи деҳаи Пайшанбеобод рух дод.

Ба кумаки ду ноболиғ чанд сокини ноҳия шитофта онҳоро аз об берун оварданд ва ба бемористони ноҳиявӣ интиқол доданд.

КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Манбаъ меафзояд, яке аз ноболиғон дар роҳ ба бемористон фавтид ва кудаки дигар ҳоло таҳти назорати табибон қарор дорад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, зарфи 6 моҳи сипаришуда дар Тоҷикитсон 34 нафар ҳангоми оббозӣ дар нукоти мухталифи кишвар ғарқи об шуданд, ки 10 нафари онҳо аз 4 то 16 сол дошанд.

0
Барчаспҳо:
ғарқ, ноболиғ, оббозӣ, Ванҷ