Ҷаласаи Ҳукумат: Раҳмон фурӯши симкорт бо нархи 250 сомониро мутаваққиф кард

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонҶаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон, рӯзи 30 августи соли 2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 30 август дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи фурӯши симкортҳо бо нархи 250 сомониро баррасӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор дастур дод, ки то 1 январи соли 2019 боло бурдани нархи симкортҳои телефони мобилиро дар ҷумҳурӣ мавқуф гузоранд.

Тасмим шудааст, ки масъалаи мазкур иловатан омӯхта шавад ва чунин иқдом дар оянда танҳо бо қарори Ҳукумат амалӣ гарданд.

Раисиҷумҳур ба Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон  дастур додааст, ки дар ин муҳлат масъалаҳои вобаста ба арзиш ва тартиби истифодаи симкартаҳои телефони мобилиро омӯхта, ба Ҳукумати ҷумуҳурӣ пешниҳод манзур намояд.

Зимни ҷаласа инчунин масъалаи боло бардоштани андозаи маош,  нафақа ва стипендия баррасӣ шуда,  Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон дар ин бора ба раисиҷумҳур гузориш додааст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки моҳияти ин иқдом ба мардум дуруст фаҳмонда шавад ва барои татбиқи он назорати иҷрои даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ пурзӯр карда шавад.

 

Лентаи хабарҳо
0