Бонки миллии Тоҷикистон

Иттилои носаҳеҳ: Бонки миллӣ кори боз як ширкатро мамнуъ кард

79
(Таҷдидшуда 16:08 04.10.2018)
Бонки миллии Тоҷикистон боз як ширкати аудитории дигарро ба далели пешниҳоди иттилои носаҳеҳ аз ҳаққи фаъолият маҳрум намудааст

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, ширкати “Тоҷик Аудит Консалтинг” аз  ҳуқуқи гузаронидани аудити ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон маҳрум гардид.

БМ далели ин иқдомро пешниҳоди хулосаи аудитории носаҳеҳ, риоя накардани талаботи санадҳои Бонки миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ аз ҷониби  “Тоҷик Аудит Консалтинг” хонд.

Қаблан ширкатҳои “Аудитории Ш.Адолат” ва “БМҶ Аудит”  “Грант Торнтон” аз ҳаққи фаъолияти аудиторӣ маҳрум гардиданд.

Бонки миллии Тоҷикистон мақсади ин иқдомро таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиати пасандоздорону қарздеҳон хондааст.

79
Барчаспҳо:
иҷозатнома, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Таджикские фрукты и овощи в Декхане

Гардиши савдои Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ аз як миллиард доллар гузашт

76
(Таҷдидшуда 15:51 10.08.2020)
Аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи якуми соли ҷорӣ, Тоҷикистон танҳо бо се кишвари ИДМ гардиши савдояш афзоиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар нимсолаи аввали соли 2020 беш аз 1,1 миллиард долларро ташкил додааст.

Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,9% гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки нишондиҳанда барои нимсолаи аввали соли 2020 баробар дар ҳамин давраи соли 2019 буд.

Ба таъкиди Агентии омор, афзоиши савдо танҳо бо кишварҳои Белорус (56%), Қазоқистон (8,3%) ва Молдова (7,5%) ба қайд гирифта шудааст.

Савдои хориҷӣ дар Суғд : воридот зиёду содирот кам

Бо кишварҳои дигари ИДМ савдо дар нимаи аввали соли 2020 поин рафтааст.

Ёдовар мешавем, ки Русия дар гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои аввал қарор дорад: аз моҳи январ то май муомилоти мол миёни кишварҳо қариб 421 миллион долларро ташкил додааст.

76
Люди в масках в городе

БОР барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон иловатан 2,5 миллион доллар медиҳад

64
(Таҷдидшуда 11:27 10.08.2020)
Бонки Осиёии Рушд (БОР) ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 2,5 миллион доллар барои мубориза бо коронавирус гранти иловагӣ хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои сомонаи ташкилот, тасмими додани бурсия тасдиқ шуда, он  аз фонди Осиёии Уқёнуси Ором оид ба вокуниш ба офатҳои барои дастгирии минбаъдаи вокуниши ҳукумат ба пандемияи коронавирус ҷудо карда мешавад.

"БОР комилан омода аст ба Тоҷикистон дар коҳиш додани таъсири пандемия ба саломатӣ ва иқтисодиёти кишвар мусоидат кунад" гуфт Прадеп Сривастава, намояндаи доимии ташкилот дар Тоҷикистон.

“Гранти мазкур ба Тоҷикистон дар хариди лавозимоти тиббии таъҷилӣ барои мубориза бо COVID-19 тибқи нақшаи миллии вокуниш кӯмак хоҳад кард. Мо ҳамкории зичро бо ҳукумат ва дигар шарикони рушд идома хоҳем дод, то барои вокунишҳои ҳамоҳангшуда ва самарабахш кӯмак расонем ” ,- гуфтааст, намояндаи бонк дар Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, гранти нав, аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, барои беҳтар кардани ташхиси лабораторӣ ва озмоишҳо дар Тоҷикистон истифода мешавад.

Ҳамзамон, он хариди таҷҳизоти тиббӣ ва тадбирҳои дигарро барои кӯмак расонидан ба ҳукумат дар бартараф сохтани камбудиҳои шадид дар вокуниш ба пандемия пешбинӣ мекунад.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан низ гуфта буданд, ки дар асоси созишномае БОР то охир сол ба кишвар 50 миллион доллар медиҳад.

БОР барои дастгирии муҳоҷирон ва занони Тоҷикистон 30 миллион доллар медиҳад

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки маблағи мазкур барои рӯйпӯш намудани хароҷоти давлатӣ ва идоракунии молиявӣ, амалӣ намудани ташаббусҳо вобаста ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, маблағгузории чорабиниҳо вобаста ба пешгирӣ ва табобати пандемияи бемории сироятии COVID — 19 масраф карда мешавад.

Татбиқи созишнома то охири соли молиявии 2020 ба нақша гирифта шудааст.

64
День 12 августа

Ҷашнҳои рӯзи 12 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 23:18 11.08.2020)
Рӯзи ёздаҳуми август аз Рӯзи байналмилалии ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Дар Русия бошад аз Рӯзи варзишгарон ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 12 август дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1981 компютери фардии IBM PC пешниҳод карда шуд.

Соли 1992 ИМА, Канада ва Мексика оид ба таъсис додани  Минтақаи озоди иқтисодии Амрикои Шимолӣ созишнома ба имзо расониданд.

Рӯзи 12 август дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуда, таъкид карданд, ки «ҳар ваҷаб замини корам, хусусан заминҳои обӣ бояд пурсамар истифода бурда шавад, то ки бозори истеъмолии мамлакат бештар бо маҳсулоти дохилӣ таъмин шуда, аз таъсири манфии омилҳои берунӣ эмин бошад».

День 11 августа
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 2011  дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Сарвари давлати  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ иштирок намуданд.

Соли 2011 муштзани тоҷик Анвар Юнусов дар Чемпионати Осиё оид ба бокс, ки дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ  баргузор гардида буд, соҳиби медали тилло ва унвони чемпион шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 9 август дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2015 маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Русия баргузор гардида, се рӯз идома ёфтанд.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе Анҷумани 3-юми ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда баргузор гардид.

Соли 2016 вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок баррасӣ гардиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 август

  • Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
  • Дар Таиланд — зодрӯзи шоҳзода ва Рӯзи модар.
  • Дар Русияя – Рӯзи  варзишгарон.
0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон