Бозори Меҳргони Душанбе

Болоравии нархҳо дар ИДМ: Тоҷикистон дар сегонаи пешсаф

264
Тоҷикистон ба сегонаи кишварҳои пешсафи ИДМ аз рӯи болоравии нархҳои истеъмолӣ шомил шудааст

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik.  Бар асоси омори кишварҳои ИДМ, ки БелаПан нашр кардааст, давоми 9 моҳи соли равон аз ҳама бештар нархҳо дар Узбакистон – 8,1%, Украина – 5,6% ва Тоҷикистон – 3,8% боло рафтаанд.

Ин дар ҳолест ки дар бархе аз кишварҳои ИДМ нархҳои истеъмолӣ коҳиш ёфтаанд.

Ба иттилои манбаъ аз ҷумла нархҳо дар Озарбойҷон – 0,1%, Молдова – 0,4%, Арманистон – 0,8% ва Қирғизистон – 1,1% коҳиш ёфтаанд.

Дар маҷмуъ дар қаламрави ИДМ тайи 9 моҳи аввали соли равон нархҳо ба ҳисоби миёна 4 дарсад боло рафтаанд.

264
Рустам Эмомали подписывает документ

“Корвон” бо қарори раиси Душанбе бозсозӣ мегардад: чӣ гуна хоҳад шуд? аксҳо

1449
(Таҷдидшуда 15:28 15.01.2021)
Мақомоти меъмории шаҳри Душанбе тарҳи навсозии маҷмааи савдои “Корвон”-ро нашр кардаанд, ки бо унсурҳои миллии меъморӣ таҳия шудааст

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Маҷмааи савдои “Корвон”-и шаҳри Душанбе, ки калонтарин дар Тоҷикистон мебошад, навсозӣ мегардад.

Ба иттилои мақомоти меъмории шаҳри Душанбе дар пайи навсозӣ Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

“Бо қарори раиси шаҳри Душанбе, азнавсозии Маҷмааи муосири савдову хизматрасонии “Корвон” бо таҳхона ва таваққуфгоҳи нақлиётии бисёрсатҳа оғоз шудааст”, - омадааст дар иттилоияи мақомоти меъморӣ.

Лоиҳакаши тарҳи навсозии “Корвон” корхонаи давлатии “Душанбешаҳрсоз” буда, фармоишгари он ҶДММ “Корвон” мебошад.

“Корвон” калонтарин минтақаи тиҷоратии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар он одатан ба далели зиёд будани одамон ва мошинҳо танбашавии нақлиёт сурат мегирад. Дар тарҳи ҷадид таваққуфгоҳи бисёрқабата пешбинӣ шудааст, ки интизор меравад, мушкили танбашавии нақлиётро бартараф кунад.

1449
Барчаспҳо:
навсозӣ, бозор, Тоҷикистон
Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Солҷашни 59-ум ва 12 соли раисӣ дар Кумитаи андоз: Давлатзода кист?

890
(Таҷдидшуда 15:27 15.01.2021)
Нусратулло Давлатзода, ки расо 12 сол роҳбарии Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистонро ба уҳда дорад, имрӯз 59-солагияшро таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Давлатзода корашро ба ҳайси нозир оғоз карда, 12 соли охир - аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андоз мебошад.

Презентация нового сервиса Google Android Pay в России
© Sputnik / Валерий Мельников

Нусратулло Давлатзода 15 январи соли 1962 дар ноҳияи Темурмалик таваллуд шуда, соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 2006 Академияи хизматии давлатии Русияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Тибқи тарҷумаи ҳоли Давлатзода, ӯ баъди хатми донишгоҳ дар соли 1982 то соли 1987 нозир оид ба маблағгузории хоҷагии қишлоқи шуъбаи молияи ноҳияи Совети вилояти Кӯлоб будааст.

“Солҳои 1987-1989 – сармуҳосиби Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1989-1990 – муовини раиси Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Советӣ вилояти Кӯлоб, солҳои 1990-1991 – тафтишотчии пешбар, сартафтишотчии Иттиҳодияи истеҳсоли меваю сабзавоти “Кӯлоб”-и вилояти Кӯлоб буд”, - омадааст дар ҳолнома.

Солҳои 1991-1992 - мутахассиси пешбари шуъбаи ҳисоботу тафтишотии Идораи кишоварзии вилояти Кӯлоб, солҳои 1992-1995 – директори Идораи ҳисоби хоҷагии савдои “Марҳабо”-и вилояти Хатлон, солҳои 1995-1997 – сардори шуъбаи савдои Базаи ҷумҳуриявии яклухтфурушии “Тоҷик-баққолисавдо” будааст.

Ӯ солҳои 1997-1998 ба ҳайси сарревизор-назоратчии Раёсати санҷиш ва назорати молиявии Вазорати молия, солҳои 1998-1999 – нозири калони андози Идораи санҷиши андозсупорандагони Кумитаи андоз кор кардааст.

Сипас дар мақомоти андози вилояти Ленинобод ва солҳои 2002-2006  дар вазифаи сардори Нозироти андози андозсупорандагони азими Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Солҳои 2006-2009  муовини аввали раиси Кумитаи андоз ва аз 16 январи соли 2009 то ҳол раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таъкид шудааст, ки Давлатзода оиладор ва соҳиби 7 фарзанд мебошад.

890
Барчаспҳо:
зодрӯз, кумитаи андоз, Тоҷикистон
Машина полиции

Садамаи маргбор: ҳалокати марди солхӯрдае зери чархи “Лексус-450”-и Исфандиёр

0
(Таҷдидшуда 11:09 16.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи нақлиётӣ тайи рӯзи гузашта хабар медиҳад, ки бар асари он марди солхӯрдае ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳодиса рӯзи гузашта, тахминан соатҳои 18:40-дақиқа дар роҳи самти Душанбе-Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-450”, Маҳмудзода Исфандиёр Сафарали 38-сола, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди шаҳри Норак аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевичи 61-сола, сокини ҷамоати деҳоти Пули-Сангини шаҳри Норакро пахш намудааст.

Садамаи маргбор: ронандаи "Мерседес-Спринтер" зани 70-соларо пахш кард

Дар натиҷа, пиёдагард Тоҳиров Исматулло Фатҳуллоевич ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати пахшсозии солхӯрдагон набуда, қаблан ВКД хабар дода буд, ки як

Ортиқбоева Савриниссо Мухторовнаи 70-сола, сокини ноҳияи Масчо зери чархи  "Мерседес-Спринтер"-и Юсупов Шаҳзод Мавлонович, сокини ҳамин ноҳия ҳалок шуд.

0