Сельскохозяйственная ярмарка, архивное фото

Тасмими таъсиси корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия барои картошкапарварӣ

68
(Таҷдидшуда 19:40 25.10.2018)
Русия ва Тоҷикистон тасмим доранд созишнома дар бораи таҳвили ду ҳазор тонна навъҳои беҳтарини тухмии картошкаро ба имзо расонанд

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik. Русия ва Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки корхонаи муштарак барои истеҳсоли тухмии картошка таъсис диҳанд, гуфтааст Алексей Майоров, роҳбари Кумитаи Шӯрои Федератсия доир ба сиёсати иқтисодӣ дар доираи мизи мудаввар дар палатаи болоии парлумони Русия.

Ба гуфтаи вай, Иттифоқи картошкапарварии Русия ва корхонаи давлатии “Навъҳои тухмии Тоҷикистон”-и Вазорати кишоварзӣ дар чаҳорчубаи мизи мудаввар дар ин бора протоколро ба имзо хоҳанд расонд.

“Имзои протоколи мазкур имконият медиҳад созишнома дар бораи таҳвили ду ҳазор тонна тухмиҳои картошкаи беҳтарин дар давоми солҳои 2019-2022 ва инчунин сохтани корхонаи муштараки истеҳсоли тухмии картошка дар Тоҷикистон ба имзо расад”,-гуфт Алексей Майоров.

Майоров таъкид кард, ки масъалаи таҳвили навъҳои беҳтарини картошка алакай дар чаҳорчубаи мулоқоти роҳбарони ҳукуматҳои ҳарду кишвар моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуда буд.

Дар рафти Анҷумани байнипорлумонии Тоҷикистону Русия аз Вазорати рушди иқтисод хоҳиш карда шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ  масъалаи маблағгузории ин лоиҳаро баррасӣ намоянд.

Раиси Кумита инчунин хабар дод, ки 70 дарсади гардиши молу коло миёни Русияву Тоҷикистон ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ рост меоянд.

Бо вилоятҳои ва сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон беш аз 80 минтақаҳои Русия ҳамкорӣ доранд.  

68
Барчаспҳо:
шартнома, картошкапарварӣ, кишоварзӣ, Русия, Тоҷикистон