Прибытие тринадцатого гуманитарного конвоя на юго-восток Украины

Нархи орд дар Тоҷикистон боло рафт

291
(Таҷдидшуда 14:04 13.11.2018)
Имрӯз нархи як халта орди истеҳсоли Қазоқистон дар Тоҷикистон ба 185 сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта арзиши як халта орд 175 сомониро ташкил медод

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар охири ҳафтаи гузашта нархи як халта орди 50 килоии  навъи аълои қазоқӣ 10 сомонӣ боло рафта, ба 185 сомонӣ расид. Ин дар ҳолест, ки дар аввали ҳафта нархи он 175 сомониро ташкил медод.

Имрӯз нархи як халта орди навъи аълои қазоқӣ 185 сомонӣ (мутобиқи қурби расмии Бонки миллӣ 19,6 долларро)-ро ташкил медиҳад. Ин дар ҳолест, ки дар моҳи январ арзиши як халата орд 160-165 сомониро ташкил медод.

Нархи як халта орди навъи дуюм 165 сомониро ташкил медиҳад.

Ёдрас мешавем, ки пештар дар кишвар коркарди ғалладона афзоиш ёфта буд, ки сабаби коҳиш ёфтани воридоти орд ба кишвар шуда буд.

Айни замон Тоҷикистон 90 дарсади ниёзи кишварро ба орд аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин менамояд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии Тоҷикистон то охири моҳи июни соли равон дар кишвар 524,8 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол шудааст. Аммо то ҳол таъминкунандаи асосии Тоҷикистон бо орду ғалла Қазоқистон мебошад.    

291
Барчаспҳо:
бозор, қиматшавӣ, орд, Тоҷикистон