Карта платежной системы Мир

Дар Тоҷикистон корти “Мир” роҳандозӣ мешавад

411
(Таҷдидшуда 17:21 13.11.2018)
Низоми милли кортҳои пардохтии “Мир” ва “Амонатбонк” - оператори низоми пардохти миллии "Корти миллӣ" ба ҳамгироии байнисоҳавӣ мувофиқат карданд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.   Дар шаҳри Душанбе миёни Низоми милли кортҳои пардохтии “Мир» ва “Амонатбонк” - оператори низоми пардохти миллии "Корти миллӣ" шартномаи ҳамкорӣ дар самти пардохтҳоро ба имзо расонданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти "Амонатбонк".  

Бино бар иттилои манбаъ, мақсад аз имзои созишномаи мазкур, ин таҳкими равобити байнидавлатии Тоҷикистону Русия барои муомилоти ғайринақдӣ бо кортҳои “Корти миллӣ” бо асъорҳои миллии ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

“Дар айни замон, як гурӯҳи кории ҷонибҳо ҷиҳати омодагӣ ва ҳалли масъалаҳои технологӣ ва ташкилотчигӣ таъсис дода шуд, ки гуруҳи мазкур мутахассисонро аз системаҳои пардохти “Мир” ва “Амонатбонк” - оператори низоми пардохти миллии “Корти миллӣ" ташкил медиҳанд. Тарафҳо тасмими ҷиддӣ гирифтанд, ки то анҷоми соли 2019 пурра масъалаҳои дар созишнома ба имзорасида ҳалли худро ёбанд”, хабар додаааст манбаъ. 

Манбаъ таъкид намудааст, ки НМКП “Мир” миёни кишварҳои ҳамсуд нақши назаррас дорад.

Дар самти густариши ҳамкориҳо Раиси Раёсати “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода афзудааст, ки ҳамкориҳо дар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ бо Русия барои Тоҷикистон муҳим буда созишнома баимзорасида як паҳлуи густариши ҳамкориҳо дар самти муоилоти ғайринақдӣ ва дастгирӣ намудани шаҳрвандони ҳарду кишвар барои бемамоният анҷом додани амалиётҳои пулӣ бо кортҳояшон ҳудуди давлатҳои ҳамдигар мебошад.

Дар ҳамин ҳол Раиси кулли НМКП “Мир” Владимир Комлев иброз доштааст, ки имрӯз имкони пардохти кортҳои пардохти миллӣ дар қаламрави кишварҳои дӯсти ҳамсоя марҳилаи муҳимест, на танҳо барои осон кардани шаҳрвандон, балки барои мусоидат ба ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди байни Россия ва Тоҷикистон.

“Низоми милли кортҳои пардохтии (НМКП) “Мир” дорои имкониятҳои технологияҳои пешрафта мебошад ва мо шодем, ки бо шарикон мубодила кунем ва онҳо бидуни талоши иловагӣ аз ин имкониятҳо истифода баранд”, - гуфт вай.

Инчунин Владимир Комлев афзудааст, ки пас аз имзои созишнами ҳамкорӣ шарикони мо аз давлатҳои дуст, дар баробари имкониятҳои муосири истифодаи амалиётҳои кортӣ инчунин мавқеи худро миёни дигар давлатҳои шарики НМКП “Мир” ҳифз менамоянд.

411
Барчаспҳо:
душанбе, Амонатбонк, корт, Бонк, Тоҷикистон