Сомонӣ ва рубл, акс аз бойгонӣ

Қурби рубл дар Тоҷикистон поин рафт

377
Қурби рубл дар Тоҷикистон, ки ахиран то 0,144 сомонӣ боло рафта буд, ҳафтаи равон ба 0,139 сомонӣ баробар шудааст

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, имрӯз қурби миёнаи фурӯши доллар дар муассиcаҳои молиявии Тоҷикистон 9.43 сомонӣ ва арзиши фурӯши 1 евро аз 10,6027 то 10,6500 сомониро ташкил медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, қурби рубл дар кишвар каме поин рафта, имрӯз 1 рубли русӣ  0.1392 то 0,1395 сомонӣ арзиш дорад. Ин дар ҳолест, ки охири моҳи гузашта қурби 1000 рубл то 144 сомонӣ расида буд.

Бонки миллии Тоҷикистон  барои бозори ғайринақдӣ қурби 1 доллари ИМА - 9.4196 сомонӣ, 1 евро – 10.6027 сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1392 сомонӣ муқаррар кардааст.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

377