Национальный банк Таджикистана

Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” иҷозатнома дод

70
(Таҷдидшуда 15:49 24.11.2018)
Дар бораи додани иҷозатнома ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” қарори раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба тасвиб расидааст

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik.  Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли равон ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд, хабар медиҳад Бонки миллӣ.

“Рӯзии 22 ноябри соли равон дар асоси моддаи 4 ва 34-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани фаъолияти суғуртавӣ иҷозатнома дода шуд”, - хабар додааст манбаъ. 

Инчунин Бонки миллӣ таъкид намудааст, ки мутобиқи қарори мазкур ба “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр” барои анҷом додани намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ, аз ҷумла, суғуртаи ихтиёрии корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ, суғуртаи ихтиёрии молу мулк ва суғуртаи ихтиёрии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад. 

Бонки миллӣ ба Идораи назорати суғуртавӣ дастур додааст, ки “Ташкилоти суғуртавии Сипаҳр”-ро ба Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта ворид намояд. 

70
Барчаспҳо:
иҷозатнома, суғурта, ташкилоти қарзӣ, Бонки миллӣ, Тоҷикистон
Ведущий научный сотрудник Института экономики РАН Зарина Дадабаева

Дадабоева: Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳоло мушкили муҳоҷиратро ҳал намекунанд

205
(Таҷдидшуда 13:00 12.08.2020)
Муҳаққиқи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои сиёсӣ Зарина Дадабаева шарҳ дод, ки оё имкон дорад бо кумаки Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Россия кам карда шавад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Зарина Дадабоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Тоҷикистон захираҳои озоди корӣ асосан ба Русия барои кор мераванд.

Бо мақсади коҳиш додани ҷараёни муҳоҷират, дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд, ки ҳоло тавони коҳиши муҳоҷиратро надоранд, гуфт коршинос.

Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ дар МОИ набояд аз 20% шумораи кормандон зиёд бошад ва барои кор дар ин минтақаҳо бояд шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб шаванд, илова кард Дадабоева.

"Дар тӯли ин муддат, тақрибан 800 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд, ки то ҳол ин мушкилро ҳал намекунад", шарҳ дод, мутахассиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Русия.

Дадабоева иброз дошт, ки агар сармоягузорон ба минтақаҳои саноатӣ маблағгузорӣ кунанд, ин ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои Тоҷикистон фоидаовар хоҳад буд ва чунин ҷараёни бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Бозгашт ба масъалаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коршинос қайд кард, ки онҳо дар савдои хориҷӣ, баланд бардоштани иқтисодиёт ва рушди саноат дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда нахоҳанд дошт.

205
Барчаспҳо:
кор, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, иқтисод, муҳоҷират, Тоҷикистон
Денежные купюры США

Низоми тандурустии Тоҷикистон аз буҷа 25 миллион доллар кам пул гирифт

132
(Таҷдидшуда 12:46 12.08.2020)
Дар нимаи аввали соли 2020 ягон бахши давлатии Тоҷикистон 100% аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маблағе, ки аз буҷаи кишвар пешниҳод мегардад, пурра нагирифтаанд.

Тибқи иттилои агентӣ, дар нимсолаи аввали соли 2020, ҳеҷ як бахши давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 100% маблағгузорӣ нашудааст.

Ҳамин тавр, дар соҳаи тандурустӣ, ҳатто бо назардошти давраи пандемияи коронавирус, танҳо 72,7% маблағи аслӣ равона шудааст.

Агентии омор шарҳ дод, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ 66,9 миллион доллар масраф шудааст, ки аз ҳаҷми нақшаи буҷаи давлатӣ 25 миллион доллар камтар аст.

Манбаъ мегӯяд, дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна 64% -и нақша маблағгузорӣ шудаанд.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 950,5 миллион доллар зиёд аст, ки ин аз нақшаи ислоҳшуда 44,6 миллион доллар камтар мебошад.

132
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия, маблағ, буҷа, Тоҷикистон
Молодожены держатся за руки

Маросими арӯсӣ: танҳо дар хона ё ҳавлӣ ва бо ҳузури 30 меҳмон баргузор шавад

0
Кишвардори Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар мавриди баргузории маросими издивоҷ қарори навбатӣ қабул кард

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Ӯзбекистон ҳамакнун қарантин, ки дар робита ба авҷи маризии коронавирус эълон гардида буд, сабуктар мешавад. Сабук гардидани маҳдудиятҳо аз 15 - уми август шурӯъ мешаванд.

Гуфта мешавад, бо сабук шудани маҳдудиятҳо, фаъолияти корхонаву ташкилотҳо, кори боғча, лагерҳои кӯдакона, ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҳамчунин пляжҳо аз сар гирифта мешавад.

Зимнан, бо қарори Мирзиёев ба баргузории маросими издивоҷ низ тағйироти нав шомил шуд.

Ҳамакнун, маросими арӯсӣ дар ин кишвар на дар тарабхона, балки дар хонаи издивоҷкунандаҳо ва ё дар ҳавлии онҳо баргузор мешавад.

Шавҳар кардан мехоҳем: эътирози арӯсшавандаҳо барои манъи баргузории маросими тӯй

Инчунин, теъдоди меҳмонон низ набояд аз 30 нафар бештар бошад.

Қаблан, гузоришҳо дар мавриди мубтало шудани теъдоди зиёди одамон, ки дар маросими арӯсӣ дар Ӯзбекистон иштирок карданд, нашр гардида буд.

Ҳатто дар як маросими хонадоршавӣ, наварӯс пас аз маросими издивоҷ гирифтори коронавирус шуд.

Дар Тоҷикистон низ айнан чунин тартибот дар маросими хонадоршавӣ ҷорист. Агар қаблан баргузор кардани тӯй бо ҳузури 100 нафар иҷозат дода шуд, баъдан теъдоди меҳмононро то 40 нафар коҳиш доданд.

0