Азиатский банк развития. Архивное фото

БОР барои рушди Тоҷикистон 300 миллион доллар медиҳад

126
(Таҷдидшуда 15:48 04.12.2018)
Бонки осиёи рушд барномаи се сола таҳия намудааст, ки тибқи он барои Тоҷикистон ҳамчун кумак 300 миллион доллар ҷудо карда мешавад

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik.  Бонки осиёи рушд (БОР) тасмим гирифтааст дар соли 2019 -2021 барои рушди соҳаи сохтмони роҳҳо, энергетика, бахши хусусӣ, маориф, беҳдошт ва амнияти озуқаворӣ кумак расонад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонк.

“Кумаки молиявӣ дар доираи барномаи се сола, ба наздикӣ тасдиқ шуд. Ҳаҷми кумак 300 миллион доллар дар шакли грант мебошад”, - таъкид намудааст зимни нишасти матбуотӣ бонк дар Душанбе  

Аммо намояндагони бонк ттаъкид намуданд, ки ҳаҷми кумак аз пешрафти кишвар ва мавҷуд будани маблағ БОР вобаста мебошад.

126
Барчаспҳо:
кумаки молӣ, кумакпӯлӣ, БОР, Бонк, Тоҷикистон
Капитальная реконструкция автодороги Бишкек-Нарын-Торугарт

Оғози таъмири роҳи Ховалинг-Шугнов: бозсозии 63 километр роҳ бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ

207
(Таҷдидшуда 12:44 10.07.2020)
Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти вилояти Хатлон ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ таъмири 63 километр роҳи Ховалинг-Шугнов оғоз гардид

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Роҳи мошингарде, ки маркази ноҳияи Ховалингро бо ҷамоъати деҳоти Шугнов мепайвандад ва солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт, таъмир хоҳад шуд, иттилоъ хабаргузории АМИТ “Ховар”.

Гуфта шудааст, ки роҳбарияти ноҳия сохтмони роҳи мазкурро ба нақша — чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон шомил намуда, барои тахту ҳамвор ва сангфаршкунии роҳ соҳибкорони маҳаллӣ низ ҷалб гардиданд. Айни замон дар мавзеҳои душворгузари роҳ корҳои барқарорсозӣ ва тахту ҳамворкунии роҳ оғоз гардидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки дар корҳои сохтмонӣ техникаҳои сокинони ҷамоъати деҳот ва Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ҷалб карда шудаанд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид доштааст, ки мавзеи аз ҳама душвори роҳ ағбаи Тиюн мебошад, ки 18 километрро ташкил дода баландии он аз сатҳи ҳамворӣ беш аз ҳазор метрро  дар бар гирифта,  ҳамасола бар асари боришот валангор мегардад.

“Муҳандисони роҳсоз ба гардиш ва ҷойҳои ярчфарою хатарзои роҳ аҳамияти махсус дода, дар он мавзеъҳо корҳои сохтмониро ба таври зарурӣ ба роҳ мондаанд. Сангу шағалро аз дарёи Ёхсу, ки дар шафати роҳ мебошад кашонида, ба воситаи техникаю механизмҳои пуриқтидори роҳсозӣ ҳамвор менамоянд. Роҳсозӣ дар шароити кӯҳистон душвор мебошад ва ҳангоми оғози корҳои сохтмонӣ барои муваффақ шудан  қоидаҳои роҳсозиро мебояд қатъиян риоя кард. Дар оянда мумфаршкунии роҳ низ ба нақша гирифта шудааст”, — соҳибкор Муҳиддин Қосимов

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷамоати деҳоти Шугнов Изатулло Файзов иброз доштааст, ки роҳбарияти ҷамоат ва соҳибкорон мақсад доранд, ки роҳи мавзеи ағбаи Тиюнро давоми се рӯзи дигар сангфарш намоянд ва баъдан дар қитъаҳои ҳамвори роҳ онро идома диҳанд.

Сокинони деҳаҳои ҷамоати деҳоти Шугнов дастаҷамъона дар ин кори хайр ба соҳибкорон кӯмак расонида истодаанд.

207
Барчаспҳо:
таъмир, Хатлон, вилоят, мақомот, Ховалинг, роҳ, Тоҷикистон
доллары и сомони, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

306
(Таҷдидшуда 12:24 10.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 10 июли соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1454 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3096 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6973 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1454 то 0.1470 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3096 сомонӣ, 1 евро – 11.6973 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1454 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

306
Барчаспҳо:
қурби асъор, сомонӣ, асъори хориҷӣ, Тоҷикистон
Флаги России и Кыргызстана

Сафорати Қирғизистон дар Русия кумак хост: қирғизҳо ба бино ва кормандон он ҳамла мекунанд

0
(Таҷдидшуда 12:58 11.07.2020)
Шаҳрвандони Қирғизистон ба сафорати кишварашон дар Русия ҳамла намуда чандин кормандонро латукӯб намуданд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Сафорати Қирғизистон дар Русия тадобири амниятиро тақвият дода, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб мекунад, ки бо шаҳрвандони Қирғизистон, ки намояндагони дипломатиро латукӯб ва таҳдид мекарданд, мубориза баранд.

Гуфта мешавад, феълан Сарраёсати умури дохилии Русия дар Маскав муайян мекунад, ки кӣ дар WhatsApp ба хароб намудани бинои сафорати Қирғизистон дар ин кишвар даъват карда, кормандони онро мавриди ҳамла қарор доданд.

Фаврӣ: 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи июл - ҷадвали парвозҳо

Зимнан, ду изҳороти кормандони сафорат дар бораи далели расонидани зарари ҷисмонӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба ин ҳолат, нисбати ду шаҳрванди Қирғизистон чораҳои тафтишотӣ бурда мешаванд.

Ҳамин тариқ, сафорат ба Вазорати умури хориҷӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Русия муроҷиат карда, дархости кумак намуд.

Сафорат дархост намудааст, ки барои ҳифзи бино аз воридшавӣ ва ё вайроншавӣ ва ҳамчунин аз пешгирӣ аз сӯиқасд ба кормандони сафорат  чораҳои дахлдор андешида шаванд.

0
Барчаспҳо:
кумак, Русия, сафорат, Қирғизистон