Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ, акс аз бойгонӣ

Кооперативҳо ба ҷои хоҷагиҳои хурд: Файзов роҳи таъмини ВМКБ бо маҳсулоти худиро пеш ниҳод

1996
Ҳукумати ВМКБ барои таъмини бозори вилоят бо маҳсулоти кишоварзӣ ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро ба миён гузоштааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти ҳукумати вилоят, дар саҳифаи фейсбукияш, нақли қавли Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ-ро нашр кардааст, ки барои истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда ва таъмини бозор бо маҳсулоти кишоварзӣ  ташкили ассотсиатсияҳо ва кооперативҳои деҳқониро пешниҳод кардааст.

“Хочагиҳои деҳқонии инфиродӣ имрӯз дар вилоят зиёда аз 16 ҳазор ҳастанд, вале ҳиссаи ҷамъи замин ба ҳар яки онҳо 0,10 ҳисса мерасад. Ба ин хотир ассотсиатсияҳо ё кооперативҳои хоҷагиҳои деҳконӣ таъсис додан зарур аст. Ин омил имкон медиҳад, на танҳо ҳисобу китоби фаъолият, балки тавлиди зиёди ҳосили рӯёнда ва андозбандии онҳо, ҳамзамон хизматрасониҳои дигар ба онҳо беҳтар ба роҳ монда мешаванд", - омадааст дар изҳороти нашркардаи котиботи ҳукумати иҷроияи ВМКБ.

Манбаъ афзуд, ки бештари муроҷиатҳои шаҳрвандон ба таъмини манзили истиқоматӣ ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзилу дигар иншооти иҷтимоӣ ва кӯмаки молӣ рабт доранд, ки ҳалли онҳо вазифаи бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.

Котиботи ҳукумати ВМКБ шеваи татбиқ ва ҷузъиёти бештари пешниҳоди мазкурро феълан ироа накардааст ва дар сурати дастрас шудани иттилои бештар Sputnik дар ин саҳифа нашр хоҳад кард.

1996
Инветиционный форум между предпринимателями Узбекистана и Таджикистана

Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

0
(Таҷдидшуда 14:36 30.09.2020)
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он доираҳои тиҷоратии ду кишвар қарордодҳои нав ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Гуфта шудааст, ки дар форуми мазкур беш аз 300 нафар соҳибкорони ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду кигшвар ширкат варзиданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба меҳмонон дар бораи фазо ва имкониятҳои  сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон пурра маълумот дода шуд.

Сипас ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ  мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар доираи форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 50 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расиданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.

0
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, созишнома, доираҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ, Форум, тиҷорат, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

366
(Таҷдидшуда 10:06 30.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

366
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон