Маблағ дар ҷомадон, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон соли 2019 барои пардохти қарзи хориҷӣ 1,2 миллиардро сарф мекунад

141
(Таҷдидшуда 18:45 05.12.2018)
Тоҷикистон дар соли 2019 барои пардохти пардохти қарзи беруна ва фоизҳои он бояд 1,5 фоизи ММД, ё 1 миллиарду 211 миллиону 652 ҳазор сомониро равона кунад, аммо дар қисмати хароҷоти буҷа ҳамагӣ 590,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Ин нукта дар буҷаи тасдиқгардида, барои соли 2019, ки ахиран рӯзномаи “Ҷумҳурият” нашр кард, таъкид шудааст.

Аммо бар асоси ин манбаъ, аз ҳисоби хароҷоти ҷории буҷети соли оянда барои пардохти қарзи беруна 590 миллиону 450 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия мегӯяд ин маблағ барои иҷрои уҳдадориҳои қарзӣ дар назди "Эксимбонк"-и чинӣ равона хоҳад шуд.   

Маблағҳои зарурии боқимонда  – 621 миллиону 202 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби  барориши векселҳои давлатӣ, ҷалби қарзҳо - грантҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ, маблағҳои баргардонидашуда аз рӯи қарзи асосии созишномаҳои зерқарзӣ, бақияи маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ ба 1 январи соли 2019 ва Фонди стабилизатсионии  рушди иқтисодиёт,  ба пардохти қарзи беруна равона хоҳанд шуд, таъкид гардидааст дар қонун дар бораи буҷа барои соли 2019.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи буҷа барои соли оянда дар парлумон изҳор дошта буд, ки аз ҷумла, барои таъмини уҳдадориҳо аз рӯи қарзи асосии “Эксимбонк”-и Чин 590,5 миллион сомонӣ ва пардохти фоизҳои қарзи асосии дигар ташкилотҳои байналмилалӣ 761,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ӯ таъкид намуд, ки пардохти қарзи асосии беруна дар ҳаҷми 621,2 миллион сомонӣ, ки берун аз тавозуни буҷет қарор дорад, аз ҳисоби манбаъҳои иловагии молиявӣ дар ҷараёни иҷрои буҷети соли 2019 маблағгузорӣ карда хоҳад шуд.

Дар маҷмуъ ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 октябри соли ҷорӣ 3 миллиарду 597,1 миллион доллари амрикоӣ ва нисбат ба ММД 48,9 фоизро ташкил медиҳад, ки аз он қарзи беруна 2 миллиарду 873,8 миллион - 38,7 фоизи ММД ва қарзи дохилӣ 6,8 миллиард сомонӣ, ё 723,3 млн. доллари амрико - 10,2 фоизи ММД-ро ташкил медиҳад.

Вазири молия изҳор дошта буд, ки дар 9 моҳи соли 2018 барои хизматрасонии қарзи беруна 170,6 миллион доллари амрикоӣ пардохт карда шуд ва уҳдадориҳои қарордодӣ дар назди созмонҳои молиявӣ пурра таъмин гардид.

Қаҳҳорзода афзуд, қарзҳои ҷалбшуда имтиёзнок буда, муҳлати онҳо аз 20 то 40 сол  ва фоизашон аз  0,75 то 2,0 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

141