Бинои Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Бонки миллӣ қурби якрӯзаи асъорро муайян кард

100
(Таҷдидшуда 09:31 06.12.2018)
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои имрӯз дар кишвар муайян кард

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои БМ, қурби 1 доллар дар бозори ғайринақдӣ 9,4235 сомонӣ, 1 евро – 10,7013 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0,1410 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки дар бозори нақд қурби миёнаи фурӯши  1 доллар аз 9,4235 то 9,4300 сомонӣ,  1 евро аз 10,7000 то 10,7800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ ба  0,1405 то 0,1421 сомонӣ баробар мебошад.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

100