Рустами Эмомалӣ, президенти ФФТ ҳангоми ифтитоҳи шабакаи телевизионии Футбол, акс аз бойгонӣ

ФФТ бозорёб меҷӯяд

148
Федератсияи футболи Тоҷикистон барои ишғоли як ҷои кори холӣ дар ин созмон эълон нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik.  ФФТ бо нашри як эълон изҳор доштааст, ки ба мутахассиси бозоршинос, ё худ менеҷер дар умури маркетинг ниёз дорад.

Ин ниҳод аз довталабони ишғоли ин ҷойи корӣ даъват намудааст, ки ҳуҷҷатҳояшонро, аз қабили тарҷумаи ҳол ва тавсиянома ба суроғаҳои электронии - nfl-tff@mail.ru, tajikfootball@yahoo.com, cheralievic@gmail.com ирсол кунанд.

ФФТ таъкид намудааст, ки довталабон метавонанд, бевосита асноди заруриро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 14/3 пешниҳод намоянд.

148