Первый зампред Нацбанка Таджикистана Джамолиддин Нуралиев провел встречу с представителями ЕБРР

Бонки миллӣ БАТР-ро ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба бахши хусусӣ даъват намуд

134
Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд изҳори қаноатмандӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.  Ҷамолиддин Нуралиев, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо роҳбари тозаинтихоби идоракунандаи БАТР дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Бруно Балванера мулоқот намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти БМТ.

Бино бар иттилои манбаъ, тарафҳо доир ба фаъолияти БАТР дар Тоҷикистон ва иштироки он дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт гуфтугӯ карданд.

“Ҷамолиддин Нуралиев фаъолияти БАТР-ро дар самти дастгирии лоиҳаҳои бахши сохтори давлатӣ иқдоми муҳим арзёбӣ намуда, дар баробари ин таваҷҷуҳи намояндагони БАТР-ро ба татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ба бахши хусусӣ, ки аз омилҳои калидии рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбад, равона сохт”, - таъкид намудааст манбаъ.

Инчунин вай барои боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти ин ташкилот дар саҳмгузорӣ ва амалишавии лоиҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, аз ҷумла НБО “Роғун” ва соҳаи энергетика, инфрасохтор, сохтмони роҳҳо ва бахусус бахши хусусӣ даъват намуд.

Ҳангоми мулоқот тарафҳо инчунин дар хусуси дастгирии низоми бонкии кишвар тавассути ҷалби кӯмакҳои техникӣ дар самти беҳтар намудани идоракунии корпоративӣ, ба роҳ мондани ҳамкории муросилотии байнибонкӣ ва табодули таҷриба ба воситаи гузаронидани машғулиятҳои муштарак бо истифода аз коршиносони байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ҷамолиддин Нуралиев зимни махсусан таваҷҷуҳи ҳайати БАТР-ро ба баррасии масъалаи суратҳисобҳои берунаи бонкҳои кишвар ва тезонидани суръати кӯмаки техникӣ дар самти ҳадафгирии таваррум ҷалб намуд.

Ёдрас мешавем, ки Наталя Ханженкова, ки ба ҳайси Директори идоракунандаи БАТР доир ба Осиёи Марказӣ то ин дам фаъолият мекард.

Ҷамолиддин Нуралиев дар хотимаи мулоқот ба Наталя Ханженкова, ки дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои муҳими кишвар саҳм доштааст, бо Сипоснома қадрдонӣ намуд.  

134
Барчаспҳо:
Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки миллӣ, сармоягузорӣ, ҳамкорӣ, БАТР, Тоҷикистон