Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Эмомалӣ Раҳмон: додугирифти пули нақд дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад

Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон тамоми ниҳодҳои давлатиро муваззаф кардааст, ки то 1 апрели соли 2019 пешниҳоди ҳамаи хадамот ба аҳолиро тариқи пардохти ғайринақдӣ фароҳам кунанд

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон барои густариши ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар Тоҷикистон қарори ҷадиди Ҳукуматро имзо намудааст, ки бар асоси он ҳамаи корхонаю идораҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, қабули пардохтҳоро тариқи низомҳои электронӣ роҳандозӣ кунанд.

Таджиксодирот банк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Саргардонии муштариёни ду бонки буҳронзадаи Тоҷикистон

Бар асоси қарори Ҳукумат, вазорату идораҳои давлатие, ки ба ироаи хадамоти пулакӣ машғуланд, ба таври ҳатмӣ муваззаф шудаанд, ки аз 1 апрели соли оянда дар баробари пули нақд ҳамаи навъҳои пардохтҳои электрониро барои ҳамаи намуди хадамот қабул кунанд.

Аз ҷумла Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки ҳатман дар баробари қабули нақд, пардохтҳои ғайринақдии андоз, ҷарима, фоизҳо ва боҷу пардохтҳои дигарро тариқи низомҳои электронӣ роҳандозӣ намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба вазоратҳо, кумитаҳо ва корхонаҳои давлатӣ дастур додааст, дар ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон то 1 марти соли оянда ба Ҳукумат чораҳои мушаххасро барои ҳавасмандкунии соҳибкорону шахсони ҳуқуқӣ ба ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдии электронӣ пешниҳод намоянд.

Бар асоси ин қарори Ҳукумат ниҳодҳои давлатӣ инчунин муваззаф шудаанд, барои маҳдудкунии марҳила ба марҳилаи ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа кунанд, то ҳаҷми пули нақд дар гардиш кам карда шавад.

Пулгирь. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
“Агроинвестбонк” амалиёти пулдиҳиро барқарор кард

Эмомалӣ Раҳмон ба идораҳои давлатӣ дастур додааст, ки бо ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои электронӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро тариқи ВАО бештар намоянд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон гузаштан ба истифодаи густурдаи низомҳои электронӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ метавонад барои баргардондани пулҳо, ки феълан бархе аз мардум дар шакли нақд дар хонаҳо нигоҳ медоранд, ба гардиши молиявӣ мусоидат кунад. Гузаштан ба низоми ғайринақдии ҳисоббаробаркуниҳо аз ҳадафҳои деринаи давлати Тоҷикистон арзёбӣ мешуд, аммо буҳрон дар низоми бонкӣ ва мушкилоти бархе аз мизоҷон боиси он гардидааст, ки бархе аз сокинон феълан бештар ба пули нақд эътимод доранд.

Лентаи хабарҳо
0