Баҳсҳои қарзу гарав ва муфлисӣ: Озода Раҳмон роҳҳали нави қонуниро гуфт

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПередача денег, архивное фото
Передача денег, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон меъёрҳои нави пешниҳодшуда ба қонунгузории кишварро, ки ба ҳалли мушкилоти қарзу гарав равона шудаанд, муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Озода Раҳмон, ки инчунин роҳбарии Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар масоили таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро ба уҳда дорад, имрӯз дар ҷаласаи палатаи болоии парлумон тағйиру иловаҳо ба Кодекси гражданиро тавзеҳ дод.

Глава администрации президента Озода Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озода Раҳмон: ҷазо барои ташкили фоҳишахонаю занҷаллобӣ пурзӯр мешавад

Ба гуфтаи Озода Раҳмон меъёрҳои нав, ки аз ҷониби Маҷлиси миллӣ қабул гардиданд, шарту шароит ва ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳоро дар масъалаи гарав танзим мекунад.

“Аз ҷумла, масъалаи аз ҳисоби молу мулки соҳибкори инфиродии муфлисшуда қонеъ намудани талаботи қарздеҳони ӯ такмил дода шудааст. Яъне,  ҳангоми муфлис шудани соҳибкори инфиродӣ, қарз аз ҳисоби фурӯши молу мулки ба ӯ тааллуқдошта ба кредиторон ҷуброн карда мешавад”, - иттилоъ додааст “Ховар” аз қавли Озода Раҳмон.

Раиси дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон афзудааст, ки мувофиқи моддаи 527-уми Кодекс дар таҳрири нав, харидор аз лаҳзаи ба таври кредит гирифтани мол, ҳуқуқу уҳдадориҳои моликро пайдо менамояд.

Дар баробари ин Озода Раҳмон таъкид кардааст, ки то пурра пардохт шудани маблағ соҳибмулки моли тариқи кредит гирифташуда,  фурӯшанда ба ҳисоб меравад.

Нурмахмадзода Джамшед Председатель Национального банка Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Шаффоф ва майда-чуйда ҳам қабул: шеваи нави қарзгирӣ ва гилаи Нурмаҳмадзода аз гаравфурӯшӣ

Тибқи меъёрҳои нави Кодекс иҷорадеҳ дар муносибатҳои лизингӣ низ ба ҳайси кредитор эътироф мешавад.

Меъёрҳои нав дар ҳолеянд, ки қаблан Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз мушкилоти марбут ба гарав гила кард.

Раиси Бонки миллӣ моҳи октябри соли равон дар парлумон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бар асоси меъёрҳои амалкунандаи қонунгузорӣ, фурӯши моли гарав бояд танҳо баъди чанд расмиёт амалӣ карда шавад.

“Ҳоло суд  бегона мекунад, ё тарафи гарав дасткашӣ мекунад, сипас бонк ҳуқуқи фурӯши ин амволро пайдо мекунад”, - изҳор дошт Нурмаҳмадзода.

Вай афзуд, дар назар аст, ки дар оянда барои содда кардани ин раванд ба қонунгузории Тоҷикистон пешниҳодҳо ироа шаванд.

Маҷлиси миллӣ меъёрҳои нави марбут ба қарзу гаравро қабул карда, дар назар аст, ки онҳо баъди имзои раисиҷумҳур мавриди амал қарор гиранд.

Лентаи хабарҳо
0