ТАЛКО, акс аз бойгонӣ

Қарори Ҳукумат: раиси ТАЛКО ба чӣ ҳақ надорад?

814
Ҳукумати Тоҷикистон бо вуруди тағйирот ба қарор дар бораи ташкили Шӯрои назоратии корхонаи ТАЛКО барои раиси корхона маҳдудият ҷорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат дар таҳрири нав, ки моҳи равон тасдиқ гардид, раиси ТАЛКО наметавонад ҳамзамон роҳбари Шӯрои назоратии ин корхона бошад.

Шӯрои назоратӣ бо мақсади таъмини самаранокии идораи ТАЛКО ташкил гардида, фаъолияти хоҷагидорию молиявии корхонаро танзим мекунад. Ҳукумат қарор кардааст, ки аъзои Шӯро, ба истиснои намояндагони корхона, ҳақ надоранд бо ТАЛКО муносиботи меҳнатӣ дошта бошанд.

Феълан роҳбарии Шӯрои назоратии корхонаро Давлаталӣ Саид, ноиби аввали сарвазири Тоҷикистон ба уҳда дошта, муовинони вазирону раисони кумитаҳо низ шомили шӯро мебошанд.  Шӯро идораи умумии корхонаро амалӣ карда, самтҳои стратегии фаъолияти онро муайян месозад.

814