Се садамаи маргбор дар 1 шом: ду дар Данғара ва як дар Файзобод

© Фото : CC0 / Rico_LoebДорожный знак, архивное фото
Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз се садамаи маргбори шоми 25 декабр хабар дод, ки ду адади он дар ноҳияи Данғара рух додаанд

ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, тақрибан соати 18:00-и 25 декабр Сино Самадови 30-сола, ронандаи “Опел” ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи истиқоматаш - Данғара ба шаҳри Бохтар, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Корез  пиёдагард Қурбонова Нуринисо, сокини 39-солаи деҳаи Паркамчиро зер кардааст. Дар натиҷа, Қурбонова дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Похмелье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти шавҳари ҷавон барои ҷанҷол дар хонаи хушдоман ва кордзании ҳамсар

Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин шоми 25-уми декабри соли 2018, ронандаи “Мерседес-Бенс”, Шеров Алихон, сокини 27-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат сӯи шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба “Опел-Астра”, таҳти идораи Шарифов Орзу, сокини 45-солаи шаҳри Кӯлоб, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи “Мерседес-Бенс” Шеров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, ронандаи “Опел-Астра”, Шарифов ва мусофиронаш - Ҳакимов Шаҳриёр Шарифович, соли таваллудаш 2000 ва Каримова Маҳбуба Самариддиновна, соли таваллудаш 1992, сокинони шаҳри Кӯлоб дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Председатель Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Убайдуллоев аз Додихудозода хост, адолатро таҳким бахшад

Манбаъ илова намуд, ки садамаи дигари маргбор 25-уми декабр тахминан соати 19:30 дар километри 31-уми Ваҳдат – Рашт – Лахш рух додааст.

“Фирдавс Одинаев, ронандаи “Мерседес-Бенс”, сокини 24-солаи шаҳри Роғун, дар ҳудуди 31-ум километри Ваҳдат – Рашт – Лахш  бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Юсуфов Меҳриддин Насриддинович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Файзободро зер намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа, Юсуфов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Лентаи хабарҳо
0