График роста, архивное фото

Афзоиши буҷаи шаҳри Хуҷанд дар соли 2019 ба маблағи 76,7 миллион сомонӣ

50
Буҷаи шаҳри Хуҷанд дар соли равон 419 миллион сомониро ташкил дода аст, ки нисбат ба соли гузашта 76,7 миллион сомонӣ зиёдтар мебошад

ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, дар иҷлосияи охири худ вакилони маҷлиси вавилони халқи шаҳри Хуҷанд буҷаи шаҳр ба маблағи зиёда аз 419 миллион сомонӣ қабул карда шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки соли гузашта буҷаи давлатии шаҳр 342,3 миллион сомониро ташкил медод. Ҳамин тавр буҷаи шаҳр 76,7 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

“Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли 2018 нақшаи қисми даромади буҷети давлатии шаҳри Хуҷанд ба андозаи 100,6 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 344,3 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаитасдиқ гардида 2,0 миллион сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 31,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад”, - афзудааст манбаъ.

Инчунин манбаъ хабар додааст, ки ба буҷаи маҳаллии шаҳр, бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо 140 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 15 миллион сомонӣ ё 12 дарсад афзудааст.

50
Барчаспҳо:
иқтисод, шаҳр, зиёдшавӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон