Дарвозаи Ҳинд дар Деҳлӣ, акс аз бойгонӣ

Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон бо 62 кило чӯби давоӣ дар фурудгоҳи Деҳлӣ - акс

664
Нерӯҳои амниятии Ҳинд аз боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи байналмилалии Деҳлӣ бо иттиҳоми қочоқи мол хабар доданд

ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марказии амнияти саноатии Ҳиндустон – “CISF”, субҳи рӯзи душанбеи 14 январ, Султонмурод Азамов, шаҳрванди Тоҷикистон бо 62,5 кило чӯбпораҳои дарахти сандал дар фурудгоҳи ба номи Индира Гандӣ боздошт шудааст.

Сандал дарахти ҳамешасабзе мебошад, ки дар кишварҳои гарм рӯида, чӯби он бӯи хуш ва хосияти давоӣ дорад.

Ба иттилои мақомоти Ҳинд, Азамов қасди парвоз аз Деҳлӣ ба Алматои Қазоқистонро доштааст, аммо аснод барои интиқоли чӯбпораҳои сандалро надоштааст.

Манбаъ афзуд, ки қазия барои баррасии минбаъда ба мақомоти гумрук супорида шудааст.

664