Маблағҳо дар ҷомадон, акс аз бойгонӣ

Имзои раисиҷумҳур барои ҷилавгирӣ аз робитаи созмонҳои ҷамъиятӣ бо террористону пулшӯйҳо

455
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тағйирот ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро имзо кард, ки алайҳи равобити созмонҳои ҷамъиятӣ бо террористону пулдорҳои ғайриқонунӣ нигаронида шудааст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Бар асоси тағйирот, ки раисиҷумҳур моҳи равон имзо кард, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муваззаф гардиданд,  ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро бо дарҷи маълумоти муфассал дар бораи даромад ва хароҷоташон ҷой диҳанд.

“Дар давоми на кам аз панҷ сол пас аз анҷоми муносибатҳои корӣ маълумот дар бораи амалиёти анҷомдодашудаи дохилӣ ва байналмилалиро нигоҳ дорад. Маълумот дар дар бораи мушаххаскунии шахсоне, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро назорат ё идора мекунанд, аз ҷумла  муассисон, аъзои мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишро  нигоҳ дорад ва ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намояд”, - таъкид шудааст дар тағйироти иловашуда ба қонун.

Бар асоси тағйирот, дар сурати ҷой доштани шубҳа мақоми бақайдгирандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ уҳдадор аст, ба мақоми ваколатдори  муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумот пешниҳод кунад.

Дар идома таъкид кардааст, ки ин дар сурате агар шубҳа ё асоси кофӣ  барои гумонбар шудан мавҷуд бошад, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ василаи рӯпӯшкунанда барои ҷамъоварии маблағ аз тарафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад ё ҳамчун канал барои маблағгузории терроризм, экстремизм ва силоҳи қатли ом истифода мешавад.

Қабули тағйирот ба қонун дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон садҳо созмонҳои ҷамъиятӣ бо истифода аз сарчашмаҳои маблағгузории дохилию хориҷӣ дар бахшҳои гуногун фаъолият мекунанд.

455