Доллары США, архивное фото

Бунёди Авруосиёии субот ва рушд ба Тоҷикистон 20 миллион долларро намедиҳад

189
(Таҷдидшуда 19:27 22.01.2019)
Шӯрои Бунёди Авруосиёии субот ва рушд аз додани боқимондаи қарзи молиявӣ ба Тоҷикистон даст кашид. Ин дар ҳолест, ки аз 40 миллион доллари дар назар дошташуда Тоҷикистон ҳамагӣ 20 миллионашро дарёфт кардааст

ДУШАНБЕ, 22 янв - Sputnik. Шурои бунёди Авруосиёии субот ва рушд (БАСР) дар бораи хотима додани кумакҳояш ба барномаи ислоҳоти Тоҷикистон ва Бонки миллӣ аз сабаби ба охир расидани муҳлати шартнома, хабар додааст.

“Дар натиҷа аз ҳаҷми умумии маблағи пешниҳодшуда, ки 40 миллион долларро ташкил мекард як ҳиссааш, яъне 20 миллион долларашро Тоҷикистон ба даст овардаасту халос”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки Авруосиёи рушд.

Бо қарори БАСР ба Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ки ҳисоботро дар ин бора тезтар пешкаш кунад.

Ёдовар мешавем, ки 8 декабри соли 2015 Шӯрои БАСР қарор қабул карда буд, ки ба Тоҷикистон бори дуюм баҳри дастгирии ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар барои солҳои 2016-2017 ба миқдори 40 миллион доллар қарзи молиявӣ ҷудо мекунад.

Як қисмати маблағ ба Тоҷикистон баҳри пешрафти иқтисоди кишвар, дода шуд. Аммо қисмати дуюм аз сабаби аз тарафи Тоҷикистон иҷро нашудани шартҳои пешниҳодшуда, аз ҷониби бунёд ҷудо нагардид.

Чанде пеш БАСР муҳлати дастрасӣ ба ин маблағро аз 1 март то 15-уми майи соли 2018 тамдид кард

Ёдовар мешавем, ки созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замоне, ки ҳукумати Тоҷикистон вазъро тағйир надиҳад кумакҳо ба буҷаи кишвар, қатъ карда мешаванд.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши хеш навиштааст, ки ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши хеш дар бахши амалкарди молӣ шаффофият нишон намедиҳад.

Бар асоси ин гузориш, ҳукумати Тоҷикистон танҳо мизони умумии молиёти пардохтиро эълом кардааст, аммо мушаххас нест, ки ин шохис ҳосили пардохти довталабона аст ё мавориди ифшо шуда аз фирори молиётӣ дар пайи таҳқиқу тафтишро низ шомил мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши худ таъкид намудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистон хариду фурӯши арзҳои хориҷиро маҳдуд карда, ки ин мавзӯъ мӯҷиби равнақи бозори сиёҳи муомилоти арз мешавад ва мизони сармоягузории хориҷиро низ коҳиш медиҳад.

Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ мӯътақиданд, мизони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон бо 55 дарсад аз тавлиди нохолиси миллии ин кишвар баробар шудааст, ки паёмадҳои ногуворе барои иқтисоди ин ҷумҳурӣ хоҳад дошт.

Инчунин, ба гуфтаи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, норасоии буҷетро дар соли гузашта аз ҳисоби ҷаримаву иловапардохтҳо, ки дар рафти санҷишҳои тиҷорат ошкор мешуданд пур карда шуд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2019 тасмим дорад ба иқтисоди кишвар дар шакли қарзу грант аз ташкилотҳои байналмилали молиявӣ ва кишварҳои алоҳида  445 миллион доллар ҷалб намояд.

 

 

189