Ширкати ҳавопаймоии Somon air, акс аз бойгонӣ

“Сомон Эйр” дар гаронии чиптаҳояш миёнаравҳоро гунаҳкор медонад

133
Ширкати “Сомон Эйр” иттилоъ додааст, ки аз 1 феврал дӯконҳои чиптафурӯшияш 24 соат шабонарӯз ба мусофирон хидмат хоҳанд расонд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ширкати “Сомон Эйр”, мизоҷон метавонанд, бидуни миёнарав чиптаҳои ҳавоиро дастрас кунанд.

Инчунин ширкати мазкур аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, нисбати миёнаравҳое, ки нархи чиптаҳои ҳавоиро беасос боло мебаранд, чораандешӣ кунанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран мусофирон аз ҷаҳиши нархи чиптаҳои ҳавоӣ дар Тоҷикистон шикоят карданд. “Сомон Эйр” мегӯяд, нархҳоро боло набурдааст.

Қаблан ширкати “Тоҷик Эйр” ба далели мушкили молӣ парвозҳоро қатъ кард ва ба ҷои он “Сомон Эйр” ба шаҳрҳои Русия парвоз анҷом медиҳад.

Гаронии нархи чипта яке аз сабабҳои асосӣ арзёбӣ мешавад, ки бархе аз мусофирони Тоҷикистон аз хадамоти ширкатҳои ҳавоии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистону Қирғизистон истифода мебаранд.

133