Сомонӣ ва рубл, акс аз бойгонӣ

Қурби рубл ва доллар дар Тоҷикистон боло рафт

1375
Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон, ки як моҳи қабл то 0,136 сомонӣ поин рафта буд, имрӯз аз ҳадди 0,144 сомонӣ гузаштааст

ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, рубли нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон имрӯз бо арзиши 0,1425 то 0,1445 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Манбаъ арзиши миёнаи 1 долларро дар бозори нақд аз 9,4384 то 9,4400 сомонӣ ва 1 евроро аз 10,7107 то 10.7500 сомонӣ арзёбӣ кард.

Қурби расмии асъори хориҷӣ барои имрӯз - 1 доллари ИМА — 9,4384 сомонӣ, 1 евро – 10,7107 сомонӣ ва 1 рубли русӣ - 0.1425 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар ҳамин ҳол қурби доллар нисбати як моҳи қабл, ки дар бозори нақд аз  9, 4242 то 9,43 сомонӣ буд, феълан боло рафтааст. Бархе аз соҳибкорон бо оғози соли нави мелодӣ аз камёфт шудани доллар дар кишвар шикоят мекунанд.

Бонки Миллӣ ҳушдор додааст, ки берун аз бонкҳо, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо мубодилаи асъор қатъиян манъ мебошад ва нақзи меъёри мазкур ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ дар пай дорад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҷаласаи васеи Ҳукумат низоми бонкии кишварро баррасӣ карда, аз камбуди асъори хориҷӣ ва зарурати эҳёи боварӣ ба бонкҳо суҳбат кард.

“Норасоии асъори нақди хориҷӣ дар муомилот масъалаи дигари низоми бонкӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти самараноки соҳибкорон монеа эҷод мекунад”, - таъкид карда буд  раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон масъулини Бонки миллиро муваззаф кардааст, ки барои ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, беҳтар гардонидани сифат ва ҷорӣ кардани хизматрасониҳои нав чораҳои таъхирнопазир андешанд.

1375
Барчаспҳо:
рублу сомонӣ, рубли русӣ, рубл, долларкунонӣ, ҷаҳиши доллар, қурби пул, қурб, Тоҷикистон