Маблағ, акс аз бойгонӣ

Маоши миёна дар Хатлон зиёд 900,7 сомонӣ шуд

120
(Таҷдидшуда 18:06 03.02.2019)
Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон мегӯяд, соли 2018 маоши миёна дар вилоят ба 900,7 сомонӣ баробар шуд, ки нисбати соли 2017-ум 6,7 фоиз зиёд мебошад

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Ҳакимзода дар мулоқот бо рӯзноманигорон гуфт, музди миёнаи меҳнат дар соҳаи саноати истихроҷ - 2001,4 сомонӣ, саноати коркард -1443,5 сомонӣ, энергетика -1943,2 сомонӣ, сохтмон -1304,7 ва коммуналӣ - 1022 сомониро ташкил додааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон аз қавли Ҳакимзода гуфт, дар вилоят 46 ҳазору 627 ҷойҳои нави корӣ, аз ҷумла 14037 ҷой аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва 32590 ҷой аз ҳисоби шахсони воқеӣ таъсис дода шуданд.

“Аз ҳисоби баргузории 280 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2881 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардида, дар умум 5734 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шуданд”, - изҳор доштаст раиси Хутлон.

Манбаъ афзуд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии минтақавии вилояти Хатлон дар соли 2018 ба 17 миллиарду 107,5 миллион сомонӣ расида, афзоиш нисбати соли 2017-ум 6,8 фоизро ташкил медиҳад.

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷавӣ дар соли 2018-ум ҳамагӣ 100,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷа 1328,7 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 7,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

120