Приветственный монумент в городе Исфара, архивное фото

Таъсиси Маркази таълимии соҳибкорон дар Исфара

174
(Таҷдидшуда 11:53 11.02.2019)
Бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар шаҳри Исфара Маркази таълимии соҳибкорон таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Рӯзҳои 15-16 феврали соли равон дар доираи тадбирҳои "300 рӯзи ислоҳот доир ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ" дар шаҳри Исфара Форуми соҳибкорон ва мулоқоти раиси шаҳри Исфара бо соҳибкорони бурунмарзӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд.

Тибқи иттилои сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Тешаев, форуми соҳибкорон бо ширкати сарварони Ассотсиатсияҳои соҳибкорони шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Новосибирски Русия, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор хоҳад шуд.

Манбаъ қайд намудааст, ки ҳадаф аз ташкилдиҳии марказ мусоидатнамоӣ ҷиҳати бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кӯмак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ маҳсуб меёбад.

174
Барчаспҳо:
Суғд, соҳибкорон, соҳибкор, таълим, марказ, иқтисод, Исфара, Тоҷикистон