Коргоҳи истеҳсолӣ дар Ёвон, акс аз бойгонӣ

Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ дар 1 сол чӣ кард?

92
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни гузориш аз натиҷаи фаъолият дар соли 2018 аз иқдоме зикр кардааст, ки барои рушди соҳибкорию сармоягузорӣ равона гардидаанд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Кумита, бар асоси фармони раисиҷумҳур дар мавриди моратория, 1973 субъекти соҳибкории истеҳсолӣ аз мораторияи санҷиш бархӯрдор гардиданд.

“Дар давраи ҳисоботӣ қонунҳо дар бораи тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андозу гумрук қабул шуда, дар маҷмуъ 30 имтиёзу сабукиҳоро дар бар мегиранд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ равона карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки тавассути Фонди дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар маҷмуъ 168 лоиҳаи тиҷоратии соҳибкорон, ба маблағи умумии 243 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар соли ҳисоботӣ 14 лоиҳа ба маблағи 40,8 миллион сомонӣ дастгирӣ шуданд.

Кумита инчунин аз 2 маротиба зиёд шудани субъектҳои соҳибкорӣ дар муқоиса бо соли 2007 зикр кардааст.

“Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи субъектҳои соҳибкорӣ аз 158 ҳазори соли 2007 то ба 315,9 ҳазор дар соли 2018 расидааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

92