Пешбинии таваррум, акс аз бойгонӣ

Таваррум дар моҳи аввали 2019 ба 0,6 дарсад баробар шуд

59
(Таҷдидшуда 18:03 22.02.2019)
Мизони таваррум дар моҳи январ дар Тоҷикистон 0,6 дарсад буд

ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Бино ба иттилои ожонси омори Тоҷикистон, дар моҳи январ нархи хӯрокворӣ 1,2 дарсад, нархи хидматрасониҳои пулакӣ 0,2 дарсад зиёд шуд. Тибқи иттилои ТоҷикТА дар зимн, нархи колоҳои ғайриғизоӣ 0,1 дарсад арзон шуданд.

Бар асоси додаҳо, мизони солона, аз моҳи январ 2018 то моҳи январи 2019 5,7 дарсад буд.

Соли гузашта мизони таваррум дар кишвар 5,4 дарсад буд. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумат дар сатҳи 7 дарсад нигоҳ доштани таваррумро барномарезӣ карда буд.

Имсол мизони таваррум дар Тоҷикистон 6,3 дарсад пешбинӣ мешавад.

59