550 ҳазор долар ба 7 лоиҳа: сармоягузориҳои Япония дар Тоҷикистон

185
(Таҷдидшуда 17:21 27.02.2019)
Япония ба 7 лоиҳаи Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун маблағгузорӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Япония барои амалӣ намудани 7 лоиҳаи нав дар Тоҷикистон 550 ҳазор доллар ҷудо кардааст, иттилоъ додааст ТоҷикТА.

“Дар Душанбе чорабинии ба имзогузории 7 лоиҳаи нави барномаи ҳукумати Япония оид ба кумаки бебозгашт ва амнияти гуманитарӣ барои гуруҳҳои гуногуни аҳолӣ  бо маблағи умумии 558,045 ҳазор доллар баргузор гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Мувофиқи нақша ба лоиҳаҳои обёрӣ дар ноҳияи Рушон, техникӣ барои кишоварзӣ дар ноҳияи Ховалинг, лавозимот барои маркази омӯзишӣ дар ноҳияи Ашт пешбинӣ шудааст. 

Ҳамчунин аз ин ҳисоб барои сохтмони мактаб дар Турсунзода, маркази занон дар ноҳияи Тоҷикобод, беморхонаи вилоятӣ дар ноҳияи Мурғоб ва ҷӯйи обёрӣ дар ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ ҷудо карда мешавад.

Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замони ба тавофуқ  расидани ҳукумати Тоҷикистон бо Сандуқи байналмилалии пул, кумак барои дастгирии буҷаи ҷумҳуриро қатъ карданд, гуфта шудааст дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди ҷумҳурӣ.

Созмонҳои молии байналмилалӣ эълон намуданд, ки то замоне, ки ҳукумати кишвар вазъро тағйир надиҳад кумакҳо ба буҷаи Тоҷикистон, қатъ карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон дар соли 2019 тасмим дорад ба иқтисоди кишвар дар шакли қарзу грант аз ташкилотҳои байналмилали молиявӣ ва кишварҳои алоҳида  445 миллион доллар ҷалб намояд.

185
Барчаспҳо:
лоиҳа, сармоягузорӣ, Япония, Тоҷикистон