Мард бо ҷузвдон, акс аз бойгонӣ

Тотористону Тоҷикистон анҷумани соҳибкоронро баргузор мекунанд

27
Рустам Минниханов, раисиҷумҳури Тотористон имрӯз бо Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тотористон, зимни мулоқот ки дар Хонаи Ҳукумати ҶТ баргузор шуд, ҷонибҳо барномаи сафари ҳайати расмии Тотористонро ба Душанбе баррасӣ карданд.

Сафари ҳайати Тотористон ба Тоҷикистон 19-20 март дар назар аст.

Манбаъ афзуд, дар назар аст, ки зимни сафар, анҷумани соҳибкорони ду кишвар баргузор мегардад, ки ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ равона шудааст.

Қаблан ҷониби Тотористон изҳор дошт, ки дар густриши ҳамкорию тиҷорат бо Тоҷикистон, аз ҷумла дарёфти бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулоти мошинсозӣ ва нафту кимиёвӣ ҳавасманд мебошад. 

27