Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Андоз намепардозанд: азми Рустами Эмомалӣ барои арзонӣ дар бозорҳои Душанбе

2033
Воридоти бархе аз маҳсулоти ниёзи аввал ба Душанбе аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд

ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба Ҳукумати Тоҷикистон феҳрасти молҳоеро ироа кардааст, ки воридоташон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод мебошад.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ин феҳраст молҳои ниёзи аввале шомил мебошанд, ки аз ҷониби КВД  “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе” ворид мегарданд.

Шаҳрдории Душанбе ҳадафи ин иқдомро таъмини арзонӣ дар бозорҳои пойтахт арзёбӣ мекунад.

Қаблан Рустами Эмомалӣ КВД “Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе”-ро муваззаф карда буд, ки барои таъмини арзонию фаровонӣ дар бозорҳои пойтахт ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияро гузаронанд.

Ба феҳрасти маҳсулоти ниёзи аввалия аз ҷумла орду гандум, равған, шакар, биринҷ шомил мебошанд.

2033