Фабрика Фарм Сугд, архивное фото

Ширкати чинӣ дар МОИ “Кӯлоб” корхонаи нассоҷӣ бунёд мекунад

163
(Таҷдидшуда 10:23 06.03.2019)
Ширкати “Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк”-ро ба истифода хоҳад дод

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik.  Ширкати “Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)”-и Чин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк”-ро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар шаклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пурра ба истифода хоҳад дод.

Дар ин бора иттилоъ додааст хабаргузории “Ховар” дар иқтибос ба маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо ҳайати соҳибкорони чинӣ таҳти роҳбарии менеҷер доир ба масъалаҳои тиҷоратии Ширкати “Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК” Ху Син мулоқот намуд.

Зимни мулоқот таъкид шуд, ки марҳилаи якум бо маблағгузории 130 миллион доллар ва марҳилаи дуюм бо маблағгузории 170 миллион доллари амалӣ мешавад. Дар Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии “Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк”, тахминан 35 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол коркард кард хоҳад кард.

Ёдрас мешавем, ки айни замон дар кишвар чор минтақаи озоди иқтисодӣ- “Суғд”, “Данғара”, “Панҷ” ва “Ишкошим” амал мекунанд.

163
Барчаспҳо:
Вазорати рушди иқтисод, минтақаи озоди иқтисодӣ, Кӯлоб, сармояҳо, сармоягузорӣ, корхона, Чин, Тоҷикистон