Совместное заседание правительства Согдийской области с представителями фабрик по производство школьных форм

Тавлидотро зиёд намоед: интиқоди Хол Ҳайдар аз истифодаи матоъҳои истеҳсоли хориҷӣ

422
(Таҷдидшуда 13:17 18.03.2019)
Ахиран дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд намоиши либосҳои мактабӣ доир шуд ва корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ ва истеҳсолкунандагони либосҳо маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Хол Ҳайдар, муовини якуми раиси вилояти Суғд, дар толори хурди Кохи Рӯдакӣ бо намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ ва мақомоти дахлдори вилоят машварати корӣ баргузор намуд.

 Зимни машварат таъкид карда шуд, дар ҳудуди вилоят зиёда аз 100 корхонаву коргоҳҳои дўзандагӣ вуҷуд дошта, танҳо дар соли гузашта 31 корхонаву коргоҳи нави дўзандагӣ бо 534 ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии вилоят ба маблағи умумии 227,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба соли 2017 - 28,7 миллион сомонӣ зиёд буда, 114,4 фоизро ташкил медиҳад.

Хол Ҳайдар зимни мулоқот таъкид намудааст, ки новобаста аз таъкидҳои чандинкарата, дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагии вилоят барои дӯхтани либоси мактабӣ истифодаи матоъҳои истеҳсоли давлатҳои хориҷӣ ҳанӯз ҳам ҷой дорад.

“Ин дар ҳолест, ки дар вилоят корхонаи ҶДММ “Насоҷи Хуҷанд” бо иқтидорҳои азими саноатӣ мавҷуд асту ба фармоишу дастгирии соҳибкорон ниёз дорад”,- қайд намуд муовини якуми раиси вилояти Суғд.

Дар ҳамин ҳол Хол Ҳайдар пешниҳод намудааст, ки бо мақсади дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ба тариқи истисно, имсол аз истифодаи матоъҳои корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” барои дўхтани либосҳои мактабӣ оғоз гардад.

Тибқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят, барои соли ҷорӣ нақшаи дӯхтани либосҳои мактабӣ барои 266 850 нафар хонанда муқаррар карда шудааст. Тибқи ҳисобҳои пешакӣ, барои ин миқдор либос зиёда аз 1,1 миллион метри мураббаъ матоъ лозим будааст.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти оморӣ корхонаи “Нассоҷи Хуҷанд” соли 2018-ум 496,5 ҳазор метри мураббаъ газвор истеҳсол намудааст, ки нисбат ба соли 2017-ум 154,2 ҳазор метри мураббаъ ё 1,5 маротиба зиёд аст. Мавриди зикр аст, ки корхона дар сурати бо иқтидори пурра кор карданаш қодир аст, истеҳсоли маҳсулотро ба маротиб афзун намуда, талаботи коргоҳҳои дӯзандагиро ба матоъ қонеъ созад.

Бинобар ин, роҳбарияти корхона вазифадор карда шуд, ки барои истеҳсоли миқдори зарурии матоъ ва таъмини сифати зарурии он  чораҳои судмандро амалӣ намояд.

Тибқи маълумоти мавҷуда дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, аз ҷумла тандурустӣ, саноат, сохтмон, нақлиёт, роҳ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва ғайра ҳазорҳо нафар кормандон фаъолият дошта, ҳамарўза либоси махсуси корӣ мепӯшанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки либосҳои мазкур ё ба таври мустақим  (ҳамчун либоси тайёр) ба вилоят ворид мешаванд, ё аз матоъҳои воридотии истеҳсоли давлатҳои дигар дар корхонаву коргоҳҳои дўзандагии вилоят истеҳсол мешаванд.

Аз ин лиҳоз, ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони сохторҳои вилоятӣ дастур дода шуд, ки минбаъд фармоиш ва истеҳсоли либосҳои махсуси кориро дар корхонаву коргоҳҳои дӯзандагӣ бо истифода аз матоъҳои истеҳсоли  ватанӣ ба роҳ монанд.

422