Цистерна с нефтью, архивное фото

Ба ширкатҳои воридкунандаи ашёи хом аз пардохти андоз имтиёз дода мешавад

164
(Таҷдидшуда 14:16 20.03.2019)
Парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва бо як овоз тағйиру иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодексҳои андоз ва гумрукро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 мар - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони Тоҷикистон, муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода зимни муҳокимаи қонун қайд намуд, ки дар тағйироту иловаҳо озод кардани воридоти ашёи хом ба кишвар барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ пешбинӣ шудааст.

Вай таъкид намудааст, ки ин муқаррарот ба ашёи хоме, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешавад, дахл надорад.

Муовини вазири молия афзудааст, ки руйхати пурраи ашёи хомеро, ки воридоташ аз пардохти андоз аз арзиши иловагӣ (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод мешавад, ҳукумати Тоҷикистон таҳия мекунад.

Ба гуфтаи Гулмуродзода, мавҷуд набудани баъзе аз навъҳои ашёи хом дар дохили кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳойӣ мушкилот пеш меорад ва тағйироту иловаҳои қабулшуда бо мақсади ҳаллу фасли ин масъала қабул шудаанд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълон намудааст, ки истеҳсоли бензин дар Тоҷикистон дар соли гузашта наздик ба 932 тонна расидааст.

Бино бар иттилои вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ дар соли 2018 истеҳсоли маводи сӯхт нисбат ба соли қаблӣ 2,4 дарсад афзоиш ёфтааст.

“Дар ин давра истеҳсоли бензин дар дохили кишвар 932 тоннаро ташкил додааст. Нишондиҳандаи тавлиди маводи сӯхти дизелӣ беш аз 17,1 ҳазор тоннаро ташкил дод",- иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, манбаъ таъкид намудааст, ки дар ин давра ба кишвар ҳамагӣ 446 тонна маводи сӯхт ба маблағи 310,8 миллион доллар ворид гардидааст.


164
Барчаспҳо:
ворид кардан, воридот, сӯзишворӣ, қонун, Парлумон, имтиёз, Тоҷикистон