Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода, архивное фото

Расулзода нақши сармоягузориҳои Русия дар Тоҷикистонро шарҳ дод

295
(Таҷдидшуда 12:37 22.03.2019)
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон эълон намудааст, ки дар ҷумҳурӣ 149 корхонаи бо сармояҳои Русия фаъолият доранд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,67 миллиард долларо ташкил медиҳад, иттилоъ додааст Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон.

Вай инчунин таъкид намудааст, ки аз ин маблағ 925 миллион доллар сармояҳои мустақимро ташкил медиҳад.

“Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо Русия ба рушди иқтисоди Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ мерасонад. Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 149 ширкат бо сармояи Русия фаъолият доранд ва 49 ширкат аз ин рақам комилан ширкатҳои русӣ мебошад”, - гуфт Расулзода дар ҷаласаи муштарки Комиссияи байниҳукуматӣ доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ.  

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон бо 60 минтақаи Русия ҳамкорӣ дорад ва тақрибан бо 50 дарсади ин минтақаҳо ҷумҳури созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Инчунин, Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ба бахши иқтисодии кишвар барои андешидани чора барои ҷалби сармоя ва ташкили шароит барои субектҳои хоҷагидорӣ супориш дода шуд.

Ёдрас мешавем, қаблан намояндаи тиҷоратиии Русия дар Тоҷикистон Михаил Кораблин дар масъалаи тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ Тоҷикистону Русия таъкид намуда буд, ки бозори сузишворӣ, ғизои, маҳсулоти химиёӣ, чӯбу тахта, филизоти сиёҳ ва ғайра мавриди таваҷҷуҳ ширкатҳои русӣ қарор дорад.

“Русия ба воридоти нахи пахта, маҳсулоти нассоҷӣ, кишоварзӣ ва филизоти арзон ва маснуоти онҳо ниёз доард”, - гуфт Кораблин.

295
Барчаспҳо:
тиҷорати хориҷӣ, сармоягузорӣ, сармояҳо, иқтисод, Русия, Тоҷикистон