Нуҳ соли зиндони раиси хоҷагии деҳқонӣ барои напардохтани қарзи Ҳукумат

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкМолоток судьи
Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Муртазо Шарифов, сардори 48-солаи хоҷагии деҳқонии Ғузни ҷамоати деҳоти Обурдони ноҳияи Мастчоҳро барои саривақт барнагардондани қарзи фонди ҳукуматӣ ба 9 соли зиндон маҳкум кардааст

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Шарифов барои хариду нигоҳубини гусфанд, тариқи “Амонатбонк”  аз “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” ба номи шиносаш Идӣ Ваҳобов 700 ҳазор сомонӣ қарз гирифтааст.

Молоток судьи - Sputnik Тоҷикистон
Аз феҳристи созмонҳои террористӣ ҳазф кунед: дархости 7 узви собиқи "Гурӯҳи 24 " аз додгоҳ

Манбаъ афзуд, қарзи мазкур соли 2015 бо 12 фоизи солона ба муҳлати ду сол дода шудааст.

“Шарифов Муртазо Охунович пас аз гирифтани 700 000 сомонӣ аз бонки мазкур 110 000 сомонии онро ба дасти Ваҳобов Идӣ барои пардохти фоизҳои қарзи бонкӣ дода, боқимондаро барои пешрафти корҳои хоҷагӣ ва ба манфиатҳои шахсии худ сарф кардааст”, - иттилоъ дод додгоҳ.

Бар асоси парванда, Шарифов ҳамагӣ 833,24 сомонии қарзи асосиро пардохт намуда, 699 ҳазору 166,76 сомонии дигарашро надодааст.

Шарифов инро дар мурофиаи додгоҳӣ низ эътироф кардааст ва додгоҳ ӯро барои тасарруфи пулу моли ба тариқи кредит додашуда 9 сол аз озодӣ ва 4 сол аз ҳаққи машғул шудан ба соҳибкорӣ маҳрум кардааст.

Лентаи хабарҳо
0