Короленко Алексей

Короленко: Тоҷикистон бо бахшидани қарз мехоҳад ба иқтисодаш суръат бахшад

227
(Таҷдидшуда 17:48 26.03.2019)
Коршиноси ширкати QBF Алексей Короленко масъалаи бахшидани қарзҳои корхонаҳои Тоҷикистонро дар назди ҳукумат шарҳ дод

Тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон, дар маҷмӯъ маблағи 14 миллиону 261 ҳазору 751 сомонӣ (наздик ба 1,5 миллион доллар) андози напардохтаи соҳибкорону ширкатҳо ва ҳамчунон ҷаримаву фоизҳои он аз сӯи давлат бахшида мешавад.

Тибқи тартиби авфи андозҳо, кумита ҳақ дорад қарзи андозеро, ки то 300 ҳазор сомонӣ аст, мустақилона бубахшад. Аммо агар қарзи андоз аз 300 ҳазор сомонӣ бештар бошад, танҳо бар асоси пешниҳоди Вазорати молия ҳукумати Тоҷикистон онро беэътибор эътироф кунад. Худи кумита чунин салоҳият надорад.

Короленко о списании долгов в Таджикистане: цель - разогнать экономику

Коршинос Короленко таъкид намудааст, ки чунин чораҳои ҳукумат барои бедор намудан ва суръат бахшидани иқтисоди кишвар лозим аст.

“Инҷо суоли муҳим дар онаст, ки чунин иқдом мустақим аст ё машварати баъзе аз ширкатҳои давлатӣ. Давлат дар сурати бахшидани қарзҳои корхонаҳо, метавонад қарзи давлатиашро афзоиш диҳад. Барои ҳукумат беҳтар аст, ки худаш  қарз бигирад, на инки ширкати давлатӣ. Ҳоло аксари иқтисодҳои ҷаҳон аз ҳисоби қарзи давлатӣ дастгирӣ мешаванд. Чунин иқдомро Амрико, Аврупо ва Чин низ ба кор мебаранд. Дар ин кишварҳо қарзи давлатӣ нисбат ба ММД-и кишвар зудтар афзоиш меёбад”, гуфт коршинос ба Sputnik Тоҷикистон.

227
Барчаспҳо:
Ҳукумат, душанбе, корхона, қарз, иқтисод, Тоҷикистон
Ведущий научный сотрудник Института экономики РАН Зарина Дадабаева

Дадабоева: Минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳоло мушкили муҳоҷиратро ҳал намекунанд

207
(Таҷдидшуда 13:00 12.08.2020)
Муҳаққиқи Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Русия, доктори илмҳои сиёсӣ Зарина Дадабаева шарҳ дод, ки оё имкон дорад бо кумаки Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷараёни муҳоҷират аз Тоҷикистон ба Россия кам карда шавад

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Зарина Дадабоева дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз Тоҷикистон захираҳои озоди корӣ асосан ба Русия барои кор мераванд.

Бо мақсади коҳиш додани ҷараёни муҳоҷират, дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ ташкил карда шуданд, ки ҳоло тавони коҳиши муҳоҷиратро надоранд, гуфт коршинос.

Ҳиссаи шаҳрвандони хориҷӣ дар МОИ набояд аз 20% шумораи кормандон зиёд бошад ва барои кор дар ин минтақаҳо бояд шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷалб шаванд, илова кард Дадабоева.

"Дар тӯли ин муддат, тақрибан 800 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд, ки то ҳол ин мушкилро ҳал намекунад", шарҳ дод, мутахассиси Пажӯҳишгоҳи иқтисодии Академияи илмҳои Русия.

Дадабоева иброз дошт, ки агар сармоягузорон ба минтақаҳои саноатӣ маблағгузорӣ кунанд, ин ҳам барои худи онҳо ва ҳам барои Тоҷикистон фоидаовар хоҳад буд ва чунин ҷараёни бузурги муҳоҷирони меҳнатӣ вуҷуд нахоҳад дошт.

Муовини вазир: дар МОИ “Кӯлоб” 4 ҳазор сокини шаҳр бо кор таъмин мешаванд

Бозгашт ба масъалаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коршинос қайд кард, ки онҳо дар савдои хориҷӣ, баланд бардоштани иқтисодиёт ва рушди саноат дар Тоҷикистон нақши ҳалкунанда нахоҳанд дошт.

207
Барчаспҳо:
кор, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират, иқтисод, муҳоҷират, Тоҷикистон
Денежные купюры США

Низоми тандурустии Тоҷикистон аз буҷа 25 миллион доллар кам пул гирифт

134
(Таҷдидшуда 12:46 12.08.2020)
Дар нимаи аввали соли 2020 ягон бахши давлатии Тоҷикистон 100% аз ҳисоби буҷаи давлат маблағгузорӣ нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik.  Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон маблағе, ки аз буҷаи кишвар пешниҳод мегардад, пурра нагирифтаанд.

Тибқи иттилои агентӣ, дар нимсолаи аввали соли 2020, ҳеҷ як бахши давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 100% маблағгузорӣ нашудааст.

Ҳамин тавр, дар соҳаи тандурустӣ, ҳатто бо назардошти давраи пандемияи коронавирус, танҳо 72,7% маблағи аслӣ равона шудааст.

Агентии омор шарҳ дод, ки барои рушди соҳаи тандурустӣ 66,9 миллион доллар масраф шудааст, ки аз ҳаҷми нақшаи буҷаи давлатӣ 25 миллион доллар камтар аст.

Манбаъ мегӯяд, дигар соҳаҳо ба ҳисоби миёна 64% -и нақша маблағгузорӣ шудаанд.

Дар лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2021 пандемияи коронавирус ба назар гирифта мешавад

Вазорати молияи Тоҷикистон гуфт, ҳаҷми умумии буҷаи давлатӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз 950,5 миллион доллар зиёд аст, ки ин аз нақшаи ислоҳшуда 44,6 миллион доллар камтар мебошад.

134
Барчаспҳо:
Вазорати тандурустӣ, Вазорати молия, маблағ, буҷа, Тоҷикистон
Народный поэт Таджикистана Гулназар Келди

Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон даргузашт

481
(Таҷдидшуда 16:36 13.08.2020)
Шоири маҳбуби тоҷик дар синни 75-солагӣ дар бемористон ҷон додааст. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш вай дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед"

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Шоири мардумии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, шоири шаҳири Гулназар Келдӣ имрӯз, 13 август дар бемористон даргузашт, хабар медиҳад манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Хабари даргузашти шоирро дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон низ тасдиқ мекунанд.

Гулназар Келдӣ , ки чанд рӯз пеш бар асари беморӣ ба бемористон интиқол дода шуда буд, дар сӯҳбат бо  Sputnik Тоҷикистон ба мардум насиҳат карда буд, ки "худатонро эҳтиёт кунед".

Он сӯҳбати шоир ба 11 август,  баъд аз хабари ба бемористон интиқол ёфтани шоир анҷом дода шуд. Гулназар Келдӣ, аз ҳамватанонаш хоҳиш карда буд, ки аз бемории ташвиш накашанд.

"Каме хастагиро эҳсос мекунам. Дар умум, вазъи сиҳатиам хуб аст. Ҳоло табобати профилактикӣ мегирам. Аз дӯстон хоҳиш мекунам, ки ташвиш накашанд, аммо худро сахт эҳтиёт кунанд”, - гуфта буд шоири халқии Тоҷикистон.

Наздикони Гулназар Келдӣ: вазъаш рӯ ба беҳбуд ва муътадил аст

Аммо мутаассифона аллакай 12 август аз бемористон хабар расид, ки Гулназар Келдиро табибон зери дастгоҳи нафасдиҳӣ гузарониданд.

Қаблан шоири халқӣ ва муаллифи суруди миллии Тоҷикистон бо гумони ибтило ба “вируси корона” ба беморхона интиқол ёфта буд.

Гулназар Келдӣ 20 сентябри соли 1945 таваллуд шуда, ба номи худ Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1994), Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи М. Турсунзода, Шоири халқии Тоҷикистон (1995) – ро сабт кардааст. Муаллифи матни Cуруди миллии Тоҷикистон мебошад. "Расми сарбозӣ" - нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ соли 1969 чоп шудааст.

"Дастархон" (1972), "Нордбон" (1975), "Ағба" (1978), "Паҳно" (1981), "Лангар" (1983), "Пайи дарё" (1985), "Чашми нигин" (1988), "Табхола" (1992 г.), “Туву хубиву раъноӣ” маҳсули фаъолияти беш аз нимасраи ӯ мебошанд. Маҷмӯаҳои вай ба забони русӣ бо номи "Звезда Улугбека" (1981) ва "Безымянный родник" (1986) дар нашриёти "Советский писатель" – и Русия ва "Тень тутовника" (1989) дар Душанбе чоп шудаанд. Осори ӯ дар Афғонистону Эрон ва дигар кишварҳо низ ба нашр расидаанд.

481