лифофа бо маблағ, акс аз бойгонӣ

Суҳбати муборизон алайҳи фасод бо зиндонбонҳо, бонкдорон ва дипломату нозирони об

162
(Таҷдидшуда 18:48 29.03.2019)
Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯяд, барои таҳкими адолату эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ силсилаи суҳбатҳоро бо масъулин роҳандозӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 29 мар - Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, суҳбатҳо барои муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ моҳи марти соли равон силсилаи суҳбатҳо гузаронда шуданд.

“Чунин чорабиниҳо дар моҳи марти соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Бонки миллӣ, КВД хизматрасонии корпуси дипломатӣ “Тоҷикдипсервис”, КВД “Обу коррези Душанбе”, Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо баргузор карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи Ожонси мубориза бо фасод.

Манбаъ афзуд, ба масъулини ин ниҳодҳои давлатӣ хавфҳои коррупсионӣ ва оқибатҳои зараровари коррупсия фаҳмонда шуд.

“Даъват ба амал оварда шуд, ки  кормандон дар кору фаъолияти хеш талаботи қонунҳоро қатъиян риоя карда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд”, - таъкид кардааст Ожонси мубориза бо фасод.

162