Кумитаи андоз ҳам розӣ: нархи интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад

© © SputnikСим-карта, архивное фото
Сим-карта, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки қарори боло бурдани нархи интернет бо мақсади идораи шабакаҳои мобилӣ қабул шудааст ва фақат гарон шудани интернети мобилиро дар назар дорад.

ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ба вокуниши фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии кишвар, бобати гарон шудани нархи интернет ҷавоб гуфт. Ба гуфти ин ниҳод гароншавии интернет фақат болоравии нархи интернети мобилиро дар назар дорад.

Рӯзи 4 март Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қонун қабул кард, ки тибқи он нархи интернет аз 27 март ду баробар гарон мешавад.

Дар ҳоли ҳозир як гигабайт интернет 35 сомонӣ (тақрибан 3,7 доллар) нарх дошта дар сурати гарон шудан як гигабайти он 70 сомонӣ (наздики 7,4 доллар) нарх хоҳад дошт.

Дар Тоҷикистон бо арзиши 1 Гб интернет чӣ метавон харид

Чанде аз созмонҳои фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин росто изҳори норозигӣ карда, ба мақомоти дахлдор муроҷиат карда буданд.

Социальная сеть Фейсбук, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ман мухолифам: хашми корбарони Фейсбук аз болоравии арзиши интернет дар Тоҷикистон

Дар ин росто, Шӯрои Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон изҳорот додааст, ки боло бурдани арзиши Интернет дар шароити ногувори иқтисодӣ, дастрасии шаҳрвандонро ба иттилоот маҳдуд мекунад ва ба ин васила вазъи бе ин ҳам ногувори озодии баёнро дар Тоҷикистон ногувортар менамояд.

Вале Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар баёнияе рӯзи якуми апрел шарҳ додааст, ки нархи на ҳамаи намуди интернет дар Тоҷикистон гарон мешавад.

"Фармоиши Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарифҳои алоқаи барқӣ” мутобиқи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи рақобат” барои муайян намудани миқдори воқеии Интернети истифодашуда ҷиҳати ба танзим даровардани хизматрасонии Интернети мобилӣ, қабул ва танҳо барои хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ равона шудааст. Фармоиши мазкур ба нархи тарофаҳои хизматрасонии Интернети хаттӣ (фиксированый Интернет), ки дар фаъолияти идораҳо, корхонаву ташкилотҳо ва аҳолӣ истифода мегардад, таъсир нарасонида, хароҷоти иловагиро аз ҳисоби аҳолӣ, корхона ва ташкилотҳо талаб намекунад". 

Дар баробари ин Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон зикр кардааст, ки нархи зангҳои дохили шабакавии ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ғайр аз "Тоҷиктелеком" 10 баробар қиммат хоҳад шуд.

"Таҳлили  бозори алоқаи барқӣ шаҳодат медиҳад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди технологияҳои иттилоотӣ  дар соҳаи алоқаи барқӣ дар асоси пешниҳоди хизматрасониҳои нав (Вайбер, Инстаграм, Телеграмм, ИМО,  Фейсбук, Твитер ва ғайра), ки тавассути Интернет амалӣ мегардад, роҳандозӣ  гардида истодааст. Ин намуди хизматрасониҳо боиси коҳишёбии истифодаи алоқаи овозии муштариёни операторони алоқаи мобилӣ гардидааст". 

Wi-Fi. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
“Speedtest Global Index” суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд

Бино бар асосҳои зикршуда, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии давлат, танзими хизматрасониҳои телематикӣ (Интернет) амри воқеӣ буда, тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳои дахлдор муваззаф шуданд, ки барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқӣ ва дар ин асос такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ  ҷиҳати ба танзим даровардани назорати истифодаи ҳаҷми Интернет ва баҳисобгирии даромаду хароҷоти аслии ширкатҳои мобилӣ, чораҷӯӣ  намоянд,-омадааст дар баёнияи Хадамот.

Ин қонун бояд аз 27 март сари кор меомад, вале то кунун  ҳеҷ яке аз ширкатҳои мобилӣ-"Мегафон", "Тселл", "Бабилон" ва "Билайн" муштариёни худро дар бораи ҷорӣ шудани тарифҳои нав огоҳ накардаанд.

Лентаи хабарҳо
0