Встреча бизнес кругов Франции и Таджикистана

Тоҷикистон ният дорад ба иқтисодаш сармояи бештари Фаронсаро ҷалб намояд

78
Аз солҳои 2007 то 2018 сармоягузорони Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 86,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид намуданд

ДУШАНБЕ, 19 апр – Sputnik.  Ахиран дар Меҳмонхонаи “Ҳайят Реҷенсӣ” вохурии дуҷонибаи роҳбарияти вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Фаронса баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон.

Зимни суханронӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Тоҷикистон қайд намудааст, ки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии ширкатҳои Тоҷикистону Фаронса сол аз сол равнақ ёфта, барои тақвияти гардиши савдои ду кишвар мусоидати бештар доранд. 

Раиси Кумитаи сармоягузорӣ таъкид намудааст, ки дар давраи солҳои 2007-2018 аз ҷониби сармоягузорони  Фаронса ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 86,6 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки аз он 67,4 миллион доллар сармоягузориҳои мустақимро ташкил медиҳад. 

Зимни вохурӣ роҳбарияти КВД “Тоҷинвест” ба ҳозирин дар бораи  имкониятҳои сармоягузории  Тоҷикистон тавассути рунамо ба ҳозирин пешниҳод кард.

Инчунин, масъулини Кумитаи сармоягузорӣ қайд намуданд, ки дар вохурии мазкур намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Фаронса ширкат доштанд.

“Аз ҷумла дар вохурӣ  намояндагони соҳаи саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ, роҳбарон ва масъулони вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, корҳои хориҷӣ, энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Бонки миллӣ, Хадамоти гумрук, Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Агентии содирот, Саридораи геология, ШСХ “Барқи Тоҷик”, Палатаи савдо ва саноат, КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”, КВД “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, КВД “Тоҷинвест”, КВД “Хӯрокворӣ” ва дигар корхонаҳои давлатӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳо ва соҳибкорону сармоягузорони Фаронса иштирок доштанд”, - афзуд манбаъ. 

Сипас вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса “соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ ва ҳамкориҳо мавриди таваҷҷӯҳи байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.

Иштирокчиёни вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистону Фаронса ба рушди муносибатҳои дуҷониба, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Тарафҳо ба хулоса омаданд, ки мунтазам чунин ҳамоишҳои соҳибкоронро баргузор намоянд.

“Мо бояд барои густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузории бахшҳои ояндадор аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешем”, -зикр намудааст манбаъ. 

78
Барчаспҳо:
ҷаласа, сармоягузорӣ, иқтисод, Фаронса, ҳамкорӣ, Тоҷикистон