Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

“Нанотехнологияи тоҷикӣ”: номгузории Президент ба порахӯрҳо ва суҳбат аз Раҷабзодаи дигар

11590
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низоми фасодкорие, ки дар бахши қочоқи мол роиҷ шудааст, “нанотехнологияи тоҷикӣ” унвон кард, ки ба гуфтаи ӯ муосиртарин технологияҳоро “мехӯрад”

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Раисиҷумҳур дар исботи ин иддао аз гузаргоҳи гумрукии “Панҷи поён” зикр кард, ки гарчанде бо муосиртарин технология муҷаҳҳаз шудааст, тавассути он ҳазорҳо тонна бор тариқи қочоқ ба фоидаи ҷайби сардори гузаргоҳ ва сарҳадот гузаронда мешавад.

Раҳмон як ҳолати фасодкории Ориф Раҷабзодаро ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ зикр кард, ки ба гуфтаи худи раисиҷумҳур яке аз ҳазор мебошад. Ба нақли раисиҷумҳур, Раҷабзода Ориф, собиқ сардори гузаргоҳи Панҷи Поён, моҳи сентябри соли 2018 мехост дар се шабонарӯз 1 ҳазору 25 тонна шакарро бе пардохти боҷи гумрукӣ вориди кишвар созад, аммо баъди ошкор шудани ин ҳолат ба буҷа 1 миллиону 250 ҳазор сомонӣ пардохтҳо ворид гардиданд.

Раисиҷумҳур таъкид намуд, ки ин яке аз ҳазорҳо ҳолат мебошад ва иттилоъ дод, ки Ориф Раҷабзода аз соҳа пеш карда шуд. “Бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд”, - дастур дод Раҳмон баъди нақли як ҳолати фасодкории Раҷабзода ба маблағи беш аз як миллион сомонӣ.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон асосан ду роҳи қочоқи мол дар ҳаҷми зиёд дар кишвар роиҷ аст.

“Ду роҳи қочоқ вуҷуд дорад. Якум вақте як мошин мегузарад, камера сабт мекунад.  Рақамҳои мошини гузаштагиро гирифта дар мошинҳои дуюму сеюм насб мекунад.  Дар асл ду мошин гузашт, аммо як мошин сабт мекунанд. Роҳи дигар вақте дар дидбонгоҳ мол ворид мешавад, дар терминал бо соҳиби мол забон як карда, арзиши онро дигар мекунанд ва чи хеле хоҳанд нарх мегузоранд”, - нақл кард Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки дар ҳуҷҷат як чиз аст, дар дохили мошин тамоман чизи дигар. Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки ин қочоқкориҳо бо мусоидати кормандони воломақоми гумрук сурат мегирад.

Ин шеваи қочоқкории мақомдорони тоҷик дар ҳолест, ки қаблан фарқият миёни омори Тоҷикистон ва Чин дар мавриди додугирифти мол миёни ду кишвар дар ҳаҷми садҳо миллион доллар фарқ мекард. Дар ҳоле, ки мақомоти Чин ҳаҷми додугирифти мол бо Тоҷикистонро беш аз ду миллиард доллари амрикоӣ мегуфтанд, мақомоти тоҷик ҳаҷми ин додугирифтро ҳудуди 600-700 миллион доллар арзёбӣ мекарданд.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон ахиран дастур дод, ки минбаъд аз кишварҳои воридкунандаи мол ба Тоҷикистон дар бораи нарху номгӯи мол маълумот дархост карда шавад.  Ӯ аз сохтакории ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон интиқод намуда, мисол овард, ки дар ҳуҷҷат мехчаю болту гайка сабт шудааст, аммо вақте мекушоянд дар мошинҳо мол, матоъ, либос аст.

11590
Меҳмонхонаи 5 ситорадор дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе

Ҳукумат ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов сабукӣ дод

1595
(Таҷдидшуда 23:41 09.07.2020)
Ҳукумати Тоҷикистон ба ширкати “Элит-Строй-Сервис”-и Иззатулло Давлатов, ки бояд дар Душанбе бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ созад сабукӣ дод. Бинои бисёрфунксионалӣ меҳмонхонаи 20-ошёнаи 5-ситорадорро низ дар бар мегирад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори Ҳукумат феҳрасти таҷҳизоту маводеро, ки ширкати “Элит-Строй-Сервис” барои сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор дар Душанбе ворид мекунад, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намуд.

Хадамоти гумрук муваззаф шудааст, ки барасмиятдарорӣ ва истифодаи мақсадноки молу таҷҳизоти воридшавандаро назорат кунад.

Санги асоси бинои бисёрфунксионалӣ  дар кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино моҳи сентябри соли гузашта аз ҷониби раисиҷумҳур гузошта шуда,  таъкид гардид, ки бино аз меҳмонхонаи 5 ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа ин маркази бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад.

Котиботи раисиҷумҳур иттилоъ дода буд, ки иншооти мазкур дар муҳлати 2 сол ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Президент мухолиф буду ахиран розӣ шуд: қарори Ҳукумат дар бораи кормандони андоз

Қаблан Давлатов Изатулло Нусратуллоевич, муассиси ширкати “Элит-Строй-Сервис” ҳудуди 15 километр роҳ, аз ҷумла дар кӯчаи Муродулло Давлатовро таъмир карда, соли 2018 бо фармони раисиҷумҳур бо ордени Шараф дараҷаи 2 мукофотонида шуд.

Давлатовҳо аз хонаводаҳои маъруф дар Тоҷикистон буда, Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон аз ҷумлаи чеҳраҳои шинохтаи ин хонавода мебошад.

1595
Барчаспҳо:
Ҳукумат, сохтмон, Нусратулло Давлатов, сохтмонӣ, меҳмонхона, Тоҷикистон
Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон

Имзои қарори Ҳукумат: нархи доруҳо назорат мешавад

2149
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои қарори Ҳукумат доруро ба феҳрасти махсуси маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ ворид кард, ки нархи он аз ҷониби давлат назорат карда мешавад

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, нархи доруворию молҳои тиббӣ ва нуриҳои минералӣ барои хоҷагии қишлоқ аз ҷониби давлат назорат карда мешавад.

Феҳрасти маводи дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки бо қарори Ҳукумат тасдиқ мешавад, феълан 19 номгӯи молро дар бар мегирад.

Рӯйхати молҳое, ки нархашонро давлат назорат мекунад

Дар сархати маҳсулоти дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ки нархашон аз ҷониби давлат назорат мешавад, орди навъи 1 ва 2 ва сипас нон, макарон, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот – сабзӣ, пиёз, карам, шакар, равғани растанӣ, маҳсулоти ширӣ, нахуд, гӯшт, тухми мурғ, намак, чой, ғизои кӯдакон ва маводи сӯхт ҷой гирифтаанд.

Бо қарори нави имзокардаи Раҳмон, доруворию молҳои тиббӣ ва инчунин нуриҳои минералӣ, органикӣ ва кимиёвӣ барои хоҷагии қишлоқ низ шомили ин рӯйхат гардиданд.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба уҳдаи Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон вогузор шудааст.

Роҳандозии назорати давлатии нархи доруворӣ дар ҳолест, ки ахиран дар давраи пандемияи коронавирус нархи баъзе аз маҳсулоти тиббӣ ба маротиб боло рафт.

2149
Барчаспҳо:
давлат, назорат, нарх, Тоҷикистон

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон