Иқрори чиптафурӯш дар Душанбе: дар 2 моҳ 87 билети қалбакӣ фурӯхтам – видео

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкМужчина выходит возле авиакасс в городе Душанбе в Таджикистане.
Мужчина выходит возле авиакасс в городе Душанбе в Таджикистане. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маъмурини умури дохилии фурудгоҳи шаҳри Душанбе шаҳрванд Убайдулло Раҳимовро дастгир кардаанд, ки дар маркази пойтахт ба фурӯши чиптаҳои қалбакии ҳавопаймо машғул будааст

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тибқи гузориши телевизионии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Убайдулло Раҳимов, истиқоматкунандаи кӯчаи Ҷаббор Расулов дар нуқтаи чиптафурӯшӣ дар кӯчаи Лоҳутӣ ба фурӯши чиптаҳои тақаллубӣ даст задааст.

Аэропорт в Душанбе ночью, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти Холмуродов барои фурӯши даҳҳо чиптаи қалбакии ҳавопаймо - видео

Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла Раҳимов ба Суҳроб Насриддинов ва Султонзода Иҷроиддин чиптаҳои тақаллубии ҳавопаймо бо нархи 2300 сомонӣ фурӯхтааст.

Худи Раҳимов дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки давоми ду моҳ 87 чиптаи қалбакиро бо нархи аз 2160 то 2300 сомонӣ фурӯхтааст.

ВУД теъдоди чиптаҳои тақаллубии фурӯхтаи Раҳимовро беш аз 90 гуфта, таъкид намудааст, ки аз ин ҳисоб чиптафурӯш 187 ҳазор сомонӣ ба даст овардааст.

Яке аз ҷабрдидаҳо дар гузориши телевизионии ВУД изҳор дошт, ки 1 май дар назди собиқ бозори “Зелёний” аз Раҳимов ба маблағи 2400 сомонӣ чиптаи ҳавопаймо харид.

“Вақте 9 май барои парвоз ба фурудгоҳ омадем, маълум шуд, ки чиптаҳо тақаллубиянд. Аз ҳамон парвоз чиптаи 13 кас қалбакӣ буд”, - изҳор дошт ҷабрдида.

ВУД таъкид намуд, ки феълан Раҳимов ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми қаллобӣ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0