Бинои Бонки миллии Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Болоравии қурби рубл дар Тоҷикистон

277
(Таҷдидшуда 15:38 27.06.2019)
Қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боло рафта, имрӯз дар бозори нақд то 0,1520 сомонӣ расидааст

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русии нақд дар муассисаҳои молиявии кишвар аз 0,1494 то 0,1520 сомониро ташкил медиҳад.

Манбаъ арзиши 1 доллари ИМА-ро дар бозори нақд аз 9,4397 то 9,4400 сомонӣ ва 1 евроро аз 10,7263 то 10,9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби расмиро барои имрӯз, аз ҷумла 1 доллар — 9,4397 сомонӣ, 1 евро – 10,7263сомонӣ ва 1 рубли русиро 0.1494 сомонӣ муайян намудааст.

БМТ ҳушдор додааст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст. Ин ниҳод таъкид намудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.

Дар ҳамин ҳол корафтодагон мегӯянд, бо ин арзиш пайдо кардани доллар дар саррофиҳои Тоҷикистон ғайриимкон аст. Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ аз камбуди асъори хориҷӣ дар бозори нақд интиқод карда, барои ислоҳи камбудиҳо масъулинро муваззаф намуд.

277
Барчаспҳо:
болоравӣ, доллар, рубл, қурб, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Инветиционный форум между предпринимателями Узбекистана и Таджикистана

Дар Душанбе миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

352
(Таҷдидшуда 15:48 30.09.2020)
Дар Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид, ки дар чаҳорчӯби он доираҳои тиҷоратии ду кишвар қарордодҳои нав ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон форуми мазкур дар доираи ҷаласаи 7-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор шуд.

Гуфта шудааст, ки дар форуми мазкур беш аз 300 нафар соҳибкорони ӯзбекистону Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, сармоягузорон ва намояндагони бахши хусусии ду кишвар ширкат варзиданд.

Ҳамзамон манбаъ зикр намудааст, ки ҷониби Тоҷикистон ба меҳмонон дар бораи фазо ва имкониятҳои  сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, энергетика, хизматрасонӣ ва дигар соҳаҳо дар Тоҷикистон пурра маълумот дода шуд.

Сипас ҷонибҳо лоиҳаҳои муштараки ҳамкориро баррасӣ намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон дар шакли “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) доир гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он санадҳои нави ҳамкорӣ  мувофиқа ва ба имзо расонида шуданд.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, дар доираи форум аз ҷониби субъектҳои бахши давлатӣ ва хусусии ҳар ду ҷониб 15 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 50 миллион доллар созишномаҳо ба имзо расиданд, ки қариб ҳамаи соҳаҳои ҳамкории иқтисодиро фаро мегиранд.

352
Барчаспҳо:
ҳамкорӣ, созишнома, доираҳои тиҷорӣ, сармоягузорӣ, Форум, тиҷорат, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Национальный банк республики Таджикистан. Архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

487
(Таҷдидшуда 10:06 30.09.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз 30 сентябр эълон кардааст

ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1296 сомонӣ  нишон дода шудааст.

Уфти рекордии рублу ҷаҳиши доллар: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар  муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.3292 то 10.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 12.1000 то 12.3000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0.1296 то 0.1340 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3292 сомонӣ, 1 евро – 12.0893 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1296 сомонӣ.

Дурнамои асъор: иқтисоддонҳо гуфтанд, то соли 2023 бо сомонӣ чӣ хоҳад шуд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

487
Барчаспҳо:
евро, рубл, сомонӣ, барои имрӯз, қурби асъор, Тоҷикистон
День 1 октября

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 16:55 30.09.2020)
Рӯзи 1 октябр Рӯзи ҷаҳонии солмандон, Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ ва Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ мебошад. Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон ва дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура аст

Рӯзи 1 октябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1843 бори нахуст рӯзномаи маъруфи Британияи Кабир «The News of the World» ба нашр расид.

День 30 сентября
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1869 дар Вена бори аввал дар ҷаҳон руқъаи почтавӣ бо тамға нашр гардид.

Соли 1891 дар Фаронса клуби футболи "Бордо" ташкил ёфт.

Соли 2001 суди болоии ИМА муваққатан Бил Клинтон (собиқ президенти ИМА)-ро аз машғул шудан ба корҳои юридикӣ манъ намуд.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2002 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид.

Соли 2009 дар шаҳри Норак Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди «Чормағзак» — ро расман ифтитоҳ намуд.

Соли 2013 Парлумони Тоҷикистон Созишномаи Тоҷикистону Русия дар бораи будубоши пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистонро  тасдиқ намуд.

Военные 201-й РВБ, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Военные 201-й РВБ, архивное фото

Соли 2015 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 8 млн 486 ҳазору 300 нафар расид.

В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров
© Sputnik / Амир Исаев
В Душанбе открылась ярмарка школьных товаров

Соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи  байналмилалӣ  оид ба содагардонӣ  ва ҳамоҳангсозии  расмиёти гумрукӣ (дар таҳрири нав) ҳамроҳ гардид.

Соли 2015 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол бо касби 156 хол мақоми 160-умро ишғол намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 1 октябр

  • Рӯзи ҷаҳонии солмандон.
  • Рӯзи ҷаҳонии меъморӣ.
  • Рӯзи байналмилалии нафароне, ки аз маҳсулоти гӯштӣ парҳез мекунанд.
  • Дар Ӯзбекистон — Рӯзи омӯзгорон
  • Дар Озарбойҷон — Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ

Рӯзи ҷаҳонии солмандон

Рӯзи ҷаҳонии солмандон бо ташаббуси СММ аз соли 1991 таҷлил мешавад.

Маҷмааи умимии СММ аз ҳамаи созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дархост кардааст ба Бунёди марбут ба масъалаи "пиршавӣ" кумак намоянд.

1 октябрро дар кишварҳои мухталиф бо баргузории ҷашнвораҳо, ки аз сӯйи анҷуману кунгураҳои дифоъ аз ҳуқуқ роҳандозӣ мешавад, ҷашн мегиранд.

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии солмандон дар Тоҷикистон ба ҳукми анъана надаромадааст.

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Юсуфҷон Акобиров (1937-2011) – Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Акбар Турсунов (Набипур) (1939) – доктори илми фалсафа, профессор, узви вобастаи АФ Тоҷикистон.

Салимахон Ваҳҳобзода, журналист (1951).

Озод Аминзода (1933-2009) – шоира, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.

Тоҳирҷон Баҳромов (1952 – 2001) – коргардони театр ва ТВ, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Александр Бернштам (1910-1956)- доктори илми таърих.

Низомиддин Валиев (1949) – меъмор.

Николай Детсик (1922) – коргардони театр.

Ҳабибулло Ибодов (1949) – доктори илми тиб, профессор.

Дилмурод Каримов (1947) – меъмор.

Олимҷон Маҳмудҷонов (1961)- доктори илми педагогӣ, профессор.

Маҷид Салим (1959) – нависанда.

Мелик-Саядян Сероп (1926)- кинооператор.

Мисбоҳиддини Нарзиқул (1970)- доктори илми филологӣ.

Набиҷон Почоҷонов (1910 – 1988) – мутарҷим.

Бекмурод Сиёев (1932 – 2004) – доктори илми филологӣ.

Рина Талман (1903-1991)- Китобдори шоистаи Тоҷикистон.

Умриддини Нӯшӣ (1974) – шоир.

Зиёдулло Ҳасанов (1949) – меъмор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.

Қурбон Ҳамидов (1949 – 1996) – актёри театр, *Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Эргашалӣ Шодиев (1932 – 2005) – доктори илми филологӣ, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Мавзуна Чориева (1992) - варзишгари номовари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон.

Мавзуна Чориева

1 октябри соли 1992 Мавзуна Чориева, варзишгари номовари тоҷик ба дунё омадааст. Ӯ дорандаи медали биринҷии Олимпиадаи-2012 оид ба бокс дар Лондон аст.

Оё зӯри бозуи Чориева метавонад "муноқишаи оилавӣ" - ро ҳал кунад

Мавзуна тайи 29 соли мустақилияти Тоҷикистон танҳо зане дар кишвар аст, ки нишони олимпиро ба гардан овехт. Ба дунболи пирӯзии ӯ дар олимпиадаи Лондон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур ӯро бо ордени "Шараф" сарфароз гардонд.

Мавзуна Чориева. Архивное фото
© AP / Ivan Sekretarev
Мавзуна Чориева. Архивное фото

 

Дар моҳи октябри соли 2012, дар шаҳри Кӯлоб бо Амон издивоҷ кард ва ҳоло соҳиби як духтаранд, ки Осия ном дорад.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, ҷашн, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 24 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 30 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 25 сентябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон